Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани як нафар гумонбар ба ҷиноят дар пойтахт аз мардум кумак хостааст.
Бино ба иттилои расмӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани як нафар гумонбаре, ки моҳи январи соли 2024 Беков Зиёвуддин, ронандаи таксиеро дар шаҳри Душанбе зада маҷрӯҳ карда буд, эълони мукофот кардааст.
Ба қавли манбаъ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки “барои муайян ва дастгир намудани гумонбари ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксӣ-Беков Зиёвиддин радид, ба шахси ба мақомоти милитсия мусоидаткунанда, 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад”.