9.9 C
Dushanbe

Маълум шуд чаро табибони тоҷик тарки Ватан мекунанд

Бо вуҷуди он ки соҳаи тандурустии кишвар аз камбуди кадрҳо танқисӣ мекашад, пизишкони ҷавони тоҷик аз он шикоят доранд, ки бемористонҳои кишвар барои ба кор қабул кардан аз онҳо пули зиёд талаб мекунанд.

Бархе пизишкони тоҷике, ки аз Русия ба Ватан баргаштаанд ва мехоҳанд дар Тоҷикистон таҷрибаҳои омӯхтаи худро ба кор баранд, дар бемористонҳои кишвар ҷой кор пайдо намекунанд, зеро масъулин аз онҳо пул талаб кардаанд.

Рӯзи чоршанбе як манбаъ бидуни зикри номаш ба Azda TV гуфт: “Дар Русия чанд сол дар як бемористони маъруф кор мекардам, ҳатто муовини мудири он бемористон таъйин шудам. Ҳечгоҳ касе аз ман пул талаб накарда буд. Ҳатто бароям хонаи бепул ва тамоми шароитро муҳайё карда буданд. Вале дилам хост ба Ватан баргардам, назди падару модар бошам ва ба ҳамватанони худ хидмат кунам. Ҳоло, ки омадам ва ба ҳар бемористоне барои кор сар мезанам, мегӯянд, бояд пул биёрӣ то ба кор қабулат кунем.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки “Ҳатто барои ҳамчун як духтури оддӣ қабул кардан баъзе бемористонҳо 60 ҳазор сомонӣ ва баъзе дигар то 80 ҳазор сомонӣ пора талаб карданд. Ин ҳам ба воситаи шиносбозиву воситакобӣ буд, агар бешинос мерафатм чӣ қадар пул талаб мекарданд?”

Ин пизишки тоҷик, ки солҳо дар Русия кор кардааст ва таҷрибаи тӯлонӣ дар соҳаи худ дорад, мегӯяд: “Ҳоло ҳайронам, ки дар Ватан бимонам ё ба хориҷи кишвар равам. Чун ҳамкоронам аз Русия ҳоло ҳам маро даъват доранд, аммо дилам мехоҳад ба мардуми худам хидмат кунам, вале мебинам, ки намешавад.

Чунин пул талаб карданҳои мудирони бемористонҳои шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистонро низ чанд табиби дигари тоҷик ба Azda TV тасдиқ карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз норасоии кадрҳо дар бемористонҳо шикоят мекунад ва ба гуфтаи ин ниҳод, солона садҳо табиби тоҷик кори худро тарк карда, ба дигар кишварҳо барои кор сафар мекунанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон имсол дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба ин масъала ишора карда, гуфта буд, ки “дар вилояти Хатлон 748 табиб, дар вилояти Суғд 545 табиб ва 55 ҳамшираи тиб, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 361 табиб ва 151 ҳамшираи тиб ва дар ВМКБ 23 табиб ва 7 ҳамшираи тиб” намерасад.

Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид карда буд, ки соли гузашта 546 табиб ва 1 ҳазору 187 корманди миёнаи тиббӣ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар карданд, аммо дар 6 моҳи соли 2023 бошад, 70 табиб ва 343 ҳамшираи тиб тарки Тоҷикистон карда, ба муҳоҷират рафтаанд.

Аз оморҳои ироа намудаи вазири тандурустӣ бармеояд, ки ба таври умум имсол дар Тоҷикистон наздики 2 ҳазор пизишк ва ҳамшираи тиб намерасад.

Аммо табибони тоҷике, ки ба Ватан баргаштаанд, ҷои кор пайдо намекунанд ва ба сабаби реша давондани фасоду порахӯрӣ онҳо наметавонанд дар бемористонҳои кишвар кор кунанд. Чаро ин вазъиятро мақомоти дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла Ожонси зидди фасоди кишвар, ки вазифааш пешгирӣ аз фасоду ришва аст, назорат намекунад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.