9.9 C
Dushanbe

“Гурӯҳи 24” аз идомаи мубориза алайҳи режими Раҳмонов гуфт

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте ҳукмҳои тӯлонии Додгоҳи шаҳри Душанберо алайҳи Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов маҳкум кард.

Ин гурӯҳи сиёсӣ мегӯяд, ки ҳукм дар шароити фишор ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон ва пур аз туҳмат содир шудаааст ва он боз як намунаи саркӯби озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқҳои қонунии мардум дар кишвар аст.

Инчунин дар изҳороти ин ҳаракат гуфта мешавад, ки мақомот бо содир намудани ин ҳукмҳо мехоҳанд болои “Гурӯҳи 24” фишор оваранд ва садои ҳақиқатро хомӯш кунанд.

Аммо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” таъкид мекунад, ки бо ҳукмҳои тӯлонӣ ва бе асос алайҳи раҳбаронаш, сари роҳи муборизаро наметавонанд бигиранд ва муқобили ин режими хунхор муборизаи худро давом хоҳанд дод.

“Мо то замоне ки адолат, озодӣ ва ҳақиқат дар Тоҷикистон пиёда нашавад, талошҳои худро барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва озодии сиёсӣ идома медиҳем!” – омадааст дар изҳороти ин созмони сиёсӣ.

“Гурӯҳи 24” ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ҳуқуқи инсон ва мардуми Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба ин қазия бо ҷиддият вокуниш нишон дода, ба ҳукумати Тоҷикистон барои риояи ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ фишор оваранд.

Ёдовар мешавем, ки Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” 10-уми марти соли ҷорӣ ва Насимҷон Шарифов, узви баландпояи ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия – кишваре, ки дар он соли 2015 раҳбари қаблии ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гаштанд ва то иттилоияи Юсуф Раҳмон дар куҷо будани онҳо хабари дақиқе набуд.

Юсуф Раҳмон қариб ним сол пас аз нопадидшавии ин ду мухолифи тоҷик, рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов дар яке аз боздошгоҳҳои Душанбе қарор доранд, аммо аз иттиҳоми зидди онҳо, тафсилоти чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварданашон ва вазъи онҳо чизе нагуфта буд.

Дертар рӯзи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар як мурофиаи пӯшида дар Боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе Суҳроби Зафар ба 30 ва Насимҷон Шарифов ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии Тоҷикистон ба мисли Паймони миллии Тоҷикистон, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ низ ин ҳукмҳоро маҳкум намуда, озодии бе қайду шарти ин ду фаъоли сиёсиро талаб карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”

21-уми октябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" баргузор шуд.

Тамдиди тафтиши парвандаи чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноии чанд чеҳраи маъруфи сиёсии кишварро барои ду моҳи дигар дароз кард.

Пирӯзии Тоҷикистон бар Афғонистон

Дастаи миллии волейболи Тоҷикистон дар бозиҳои қаҳрамонии Осиёи Марказӣ бар тими миллии Афғонистон пирӯз шуд.

Ҳуҷум ба як муҳоҷири тоҷик бо корд

Гурӯҳе аз ҷавонони рус ба як муҳоҷири тоҷик дар рӯзи равшан ва дар байни сокинони маҳаллӣ ҳамла карда, 8 кордаш зананд.