3.9 C
Dushanbe

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Тавре маълумоти ифшошуда нишон медиҳад, байни элитаи сиёсии Тоҷикистон дӯстдорони хонаҳои боҳашамат дар Дубай хеле зиёданд. Набераи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии ин шаҳр як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Бино ба ҳуҷҷатҳо, ҳангоми харидани ин хонаи боҳашамат ин писарча ҳамагӣ 9 сол умр доштааст.

Ин таҳқиқот ҷузъе аз лоиҳаи Dubai Unlocked буда, дар асоси маълумоти ифшошудае, ки садҳо ҳазор соҳибони амволи ғайриманқули Дубайро дар бар мегирад, гузаронида мешавад.

Дар мавриди Dubai Unlocked

Лоиҳаи Dubai Unlocked дар асоси силсилаи маълумоти ифшошуда, ки дорои маълумоти муфассал оид ба садҳо ҳазор амволи ғақриманқули Дубай ва ҳамчунин маълумот дар бораи соҳибон ё иҷорагирони онҳо мебошад, гузаронида мешавад. Аксари маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, марбути солҳои 2020 ва 2022 мебошанд.
Ҳуҷҷатҳо ба дасти Маркази таҳқиқоти пешрафтаи дифоъ (C4ADS — The Center for Advanced Defense Studies), як созмони ғайритиҷоратии воқеъ дар Вашингтон, ки ҷиноятҳо ва низоъҳои байналмилалиро таҳқиқ мекунад, расидааст. Ин созмон маълумоти мазкурро ба нашрияи молиявии норвегии E24 ва OCCRP, ки таҳқиқотро бо иштироки даҳҳо шарикон аз саросари ҷаҳон ҳамоҳанг кардаанд, расонидааст.
Мо маълумоти муфассалро дар бораи соҳиби расмии ҳар як хона ба даст овардем: санаи таваллуд, рақами шиноснома, шарҳрвандӣ. Дар баъзе мавридҳо дар ҳуҷҷатхо маълумотҳои иҷорагир қайд шудааст, на соҳибхона.
Рӯзноманигорон ин маълумоти дастрасшударо ҳамчун нуқтаи оғози таҳқиқоти худ истифода карданд. Онҳо дар зарфи чанд моҳ маълумоти шахсии соҳибони амволи ғайриманқулро дар ин ҳуҷҷатҳои ифшошуда, вазъи кунунии ҳар як хонаро аз рӯи манобеи расмӣ ва кушода ва ҳамчунин бино ба маълумоти ифшошудаи дигар таҳқиқ карданд.

Аз рӯи маълумоти ифшошуда равшан нест набераи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эраҷҷон Гулов, ки ҳоло 18-сола аст, барои харидории хонаи истиқоматии масоҳаташ 210 метри мураббаъ, воқеъ дар ҷазираҳои машҳури Палм Ҷумейра чӣ миқдор маблағ пардохт кардааст. Аммо бино ба масоҳати ин хона ва нархи амволи ғайриманқул дар Дубай маълум мешавад, ки он имрӯз беш аз 1,3 миллион доллар арзиш дорад. Тибқи қайди Департаменти замини Дубай, он то ҳол ба Эраҷҷон Гулов тааллуқ дорад ва иҷораи чунин хонаҳо солона 55 000 долларро ташкил медиҳад.

Ҳанӯз маълум нест, ки Эраҷҷони хурдсол он замон чӣ гуна тавонист хонаро бо ин арзиш аз ҳисоби даромади волидайнаш пардохт кунад. Ҳангоми харидани хона модараш Парвина Раҳмонова ягон сарчашмаи даромад надоштааст. Тибқи иттилои сомонаи ҳукумати Тоҷикистон, он вақт шавҳари ӯ Ашрафҷон Гулов сардори Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав буд. Қабл аз ин дар вазифаи сардори Раёсати андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози Тоҷикистон кор мекардааст.

Дар Тоҷикистон мансабдорон вазифадор нестанд, ки дар бораи маоши худ ва андозҳо гузориш диҳанд, аммо дар феҳристи ҷойҳои холии Вазорати корҳои хориҷӣ, ки соли 2022 аз тарафи ин ниҳод нашр шудааст, маоши баландтарин маоши муовини ин ниҳод ба ҳисоб меравад, ки ҳамагӣ ба 200 доллар дар як моҳ баробар аст.

“Маоши  Ашраф Гулов ба ҳайси корманди сафорат ба ӯ имкон намедод, ки ба маблағи 1,3 миллион доллар дар Дубай хона харад”, – мегӯяд Эдвард Лемон, коршиноси Осиёи Марказӣ ва устоди Донишгоҳи A&M-и Техас.

Ашраф Гулов (аз чап) дасти раисҷумҳури Имороти Муттахидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳаёнро мефишорад. Акс: Вазорати корҳои хориҷии Точикистон

Вале бо ин вуҷуд соли 2015 Раҳмонова ва Гулов аз хонаводаи миёнаи тоҷик комилан фарқ мекарданд. Падари Ашрафҷон – Шералӣ Гулов, яке аз намояндагони дигари элитаи сиёсии кишвар аст. Ӯ аз соли 2006 то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд. Падари Парвина – Эмомалӣ Раҳмон бошад, то ин дам беш аз бист сол раҳбарии кишварро ба уҳда дошт. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукумати ӯро яке аз фасодзадатарин ва хешутаборбозтарин дар Осиёи Марказӣ унвон мекунанд.

Дар гузориши Freedom House дар соли 2015 гуфта мешавад, ки атрофиёни Раҳмон “бар асоси хешутаборбозӣ ва шиносбозӣ имтиёзҳо ба даст меоранд”. Дар он гузориш қайд мешавад, ки «мансабҳои давлатӣ, хусусан мансабҳои марбут ба андоз ё савдо, махсусан талаботи зиёд доранд».

Эраҷҷон Гулов ва волидайнаш ба дархостҳои мо оид ба шарҳи ин масъала посух надоданд.

Тибқи қонуни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз соли 1985, кӯдакони аз 7 то 18-сола танҳо бо иҷозати сарпарасти қонунӣ ҳақ доранд соҳиби моликияти ғақриманқул шаванд.

Тибқи маълумоти ифшошуда, сарпарасти қонунии Гулов ҳангоми харидани хона дар Tanzanite Residence зикр нашудааст ва маълум нест кӣ будааст, аммо дар ҳуҷҷати харидуфурӯши хона почтаи электронии Суҳроб Мирзоалиев, ки замоне корманди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, қайд гардидааст. Вай ба дархости мо дар мавриди шарҳ додани ин нуқта посух надод.

Колин Пауэрс, корманди илмӣ ва сармуҳаррири созмони тадқиқотии ғайритиҷоратии Noria MENA Program қайд мекунад, ки фурӯши моликияти ғайриманқул ба ноболиғон яке аз механизмҳои зиёдест, ки Дубай барои гурез аз назорат ва ҷалби сармоя истифода мекунад.

Ба гуфти Пауэрс, сарватмандон барои пинҳон кардани даромади ғайриқонунии худ ва кам супоридани андоз ба номи фарзандони ноболиғи худ аз хориҷа амволи ғайриманқул харидорӣ мекунанд.

“Ин танҳо як усули дигаре аст, ки элитаи ҷаҳон барои пинҳон кардан ва сармоягузорӣ дар бозори амволи ғайриманқул истифода мебаранд. Ман фикр намекунам, ки ин кори оқилона бошад. Муайян кардани набера ё фарзанди кӣ будани онҳо он қадар душвор нест. Вале корро бештар мекунад”, – мегӯяд ӯ.

Рӯзноманигорони Azda TV байни соҳибони амволи ғайриманқул дар Дубай боз чанд намояндаи элитаи тоҷик, аз ҷумла ҳамсари сарвазир Қоҳир Расулзода, сардори бюрои маҳаллии Интерпол Шаҳриёр Назриев ва хешовандони Раҳмонро пайдо карданд.

Ҳама дар оила

Бисёре аз хешовандони раисҷумҳури 72-солаи Тоҷикистон, ки 9 фарзанд дорад, дар бахшҳои давлатӣ ва молиявӣ мансабҳои баландро ишғол мекунанд. Духтараш Озода роҳбари Дастгоҳи раисҷумҳур ва духтари дигараш Зарина муовини раиси «Ориёнбонк», бузургтарин бонки тиҷоратии кишвар мебошанд.

Писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) аст. Дар ин мансаб ӯ номзади расмӣ барои ишғол намудани курсии президентӣ ба ҳисоб меравад.

Парвина Раҳмонова ва Ашрафҷон Гулов нисбат ба дигар аъзои оила камтар ба чашми мардум намудор мешаванд. Гулов дар мусоҳиба бо рӯзномаи давлатии «Тоҷикони Русия», ки соли 2014 аз ҷониби  хабаргузории мустақили «Азия-Плюс» нашр шуда буд, гуфт, ки ба Маскав бо истифода аз равобити хешутаборӣ наомадааст ва таъйин шудани ӯ хидматҳои консулгарӣ дар Русияро кам намекунад ва он  “яке аз душвортарин самтҳои фаъолияти сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон” ба шумор меравад.

«Агар дар ҳақиқат ман ба шарофати хешутаборбозӣ ба ин вазифа таъйин шудам, пас чаро ба ман ҷои «оромтар» ва «равғанинтар»-еро надоданд? — пурсид ӯ.

Гулов пас аз он ки ҳукумати Русия раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, сахт кард, ба Маскав омад. Сиёсати Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро маҷбур карда буд, ки шиносномаҳои гаронбаҳои биометрӣ гиранд. Баъзан ин кор тавассути миёнаравҳо, ки бар ивази маблағи иловагӣ ваъдаи суръат бахшидани равандро медоданд, сурат мегирифт. Дар мусоҳиба бо «Тоҷикони Русия», ки дар сомонаи «Азия-Плюс» нашр шудааст, Гулов эътироф кардааст, чунин «миёнаравон» вуҷуд доранд, вале вонамуд кардааст, ки гӯё кормандонаш бо онҳо робитае надоранд ва дар акси ҳол ӯ «чора» меандешад.

Пас аз Маскав Гулов як муддати кӯтоҳ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2021 то соли 2024 сафири Тоҷикистон дар Туркия буд. Ҳамсараш он вақт ба тиҷорат машғул шуда, ширкати фармасевтии «Sifat Pharma»-ро таъсис дод, ки дар Душанбе чанд дорухонаҳои рангаш гулобиву сафед дорад. Ҳангоми шуюъи COVID-19 ин ширкат тендерҳои давлатии зиёдеро барои таъмини дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ ба даст овард. Ба иттилои Радиои Озодӣ, ширкати Sifat Pharma аз замони таъсисаш дар соли 2017 бо давлат ба маблағи чанд миллион доллар қарордодҳо бастааст.

Гулов ба ҳайси сафир доир ба ҳамкориҳои тиббии Тоҷикистону Туркия вебинарҳо ташкил намуда, сафари соҳибкорони туркро ба Тоҷикистон ташкил намуд ва дар натиҷа ширкати фаръии Sifat бо истеҳсолкунандаи таҷҳизоти туркии Dundarlar қарордод баст.

Гулов дар Душанбе чанд хонаву ҳавлӣ дорад. OCCRP ва Azda TV чанд амволи ғақриманқулеро пайдо карданд, ки ба номи Гулов сабти ном шудаанд, аз ҷумла биное, ки дар унвони идораи асосии Бонки байналмилалии Тоҷикистон қарор дорад.

Моҳи августи соли 2024 Гулов сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ таъйин шуд.

Элдиёр Арикбоев (OCCRP), Фирӯзи Маҳмадалӣ (Azda TV), Муҳамадҷон Кабиров (Azda TV)

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.

Таъхири Эмомалӣ Раҳмон дар имзои қонуни афв

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.

Террори генерали рус дар Маскав

Як генерали 54-солаи рус ҳамроҳи ронандааш дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия дар натиҷаи як таркиш ба ҳалокат расиданд.