Хабар МУҲОҶИРАТ

Баъзе кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд муҳоҷирони радшудаи паноҳандагиро ба Руанда фиристанд

Олмон, Австрия, Дания, Юнон ва Нидерланд эълон карданд, ки бо Руанда дар бораи таъсиси як маркази вижа барои қабули муҳоҷирони радшуда музокирот оғоз кардаанд.

Баъзе кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд муҳоҷирони радшудаи паноҳандагиро ба Руанда фиристанд АКС: Helmut Fohringer/APA/AFP

Олмон, Австрия, Дания, Юнон ва Нидерланд эълон карданд, ки бо Руанда дар бораи таъсиси як маркази вижа барои қабули муҳоҷирони радшуда музокирот оғоз кардаанд. Дар сурати ба даст омадани созиш, муҳоҷироне, ки дархости паноҳандагиашон дар ин кишварҳо рад шудааст ва дигар ҳаққи қонунии мондан дар Иттиҳоди Аврупоро надоранд, аз соли 2027 ба Руанда интиқол дода мешаванд.

Ин тасмим дар пасманзари талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои суръат бахшидан ба бозгардонидани муҳоҷироне гирифта шудааст, ки ҳаққи иқомат дар кишварҳои аврупоиро надоранд. Мақомоти панҷ кишвар мегӯянд, ҳадафи ин тарҳ коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бо шабакаҳои қочоқи инсон ва самараноктар кардани раванди бозгардонии муҳоҷирони радшуда мебошад.

Тибқи гузориши Reuters, ин аввалин маркази чунин навъ дар доираи Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд ва мақомот онро ҳамчун як лоиҳаи озмоишӣ оғоз карданӣ ҳастанд. Нахуст вазири корҳои дохилии Руанда ва намояндагони панҷ кишвари аврупоӣ дар шаҳри Вена ҷузъиёти ин нақшаро муаррифӣ карданд.

Руанда, ки дар Африқои Шарқӣ ҷойгир аст, солҳои охир ба яке аз шарикони кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи муҳоҷират табдил ёфтааст. Пеш аз ин Британия низ мехост паноҳҷӯёнро ба ин кишвар интиқол диҳад, аммо Додгоҳи олии Британия соли 2023 ин нақшаро ғайриқонунӣ донист ва он амалӣ нашуд.

Бар хилофи тарҳи Британия, нақшаи нави панҷ кишвари аврупоӣ ба шахсоне дахл дорад, ки дархости паноҳандагиашон аллакай рад шудааст ва ҳамаи роҳҳои қонунии мондан дар Аврупоро истифода кардаанд. Ва дар сурат интиқол ба Руанда, ин кишвар дархостҳои паноҳандагии онҳоро дубора баррасӣ намекунад.

Тибқи тарҳи пешниҳодшуда, муҳоҷирон пас аз интиқол барои муддати муайян дар маркази махсус ҷойгир мешаванд. Онҳо метавонанд омӯзиши забон ва малакаҳои касбӣ гиранд. Пас аз он, онҳо ё метавонанд дар Руанда зиндагӣ ва кор кунанд, ё ба кишвари аслии худ баргарданд. Мақомоти Руанда мегӯянд, дар баъзе ҳолатҳо муҳоҷирон метавонанд ба кишвари дигаре низ раванд, агар он ҷо ҳаққи қонунии иқомат дошта бошанд.

Аммо ин нақша аз оғози худ бо интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар рӯ ба рӯ шудааст. Онҳо мегӯянд, фиристодани муҳоҷирон ба кишвари сеюм метавонад хатари нақзи ҳуқуқи онҳоро зиёд кунад ва масъалаи масъулияти кишварҳои аврупоӣ дар назди сарнавишти ин афродро ба миён орад.

Баррасии вазъи муҳоҷироне, ки қаблан аз Исроил ба Руанда интиқол дода шуда буданд, низ нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст. Баъзе таҳқиқот нишон додаанд, ки қисме аз онҳо баъдан бо мушкилот, аз ҷумла ба хатари қочоқи инсон рӯбарӯ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Руанда ин интиқодҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, ки омодаанд дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ кунанд. Агентии паноҳандагони СММ (UNHCR) низ ба Руанда ва кишварҳои аврупоӣ машварат медиҳад, то ин тарҳ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ бошад.

Нақша ҳамчунин аз ҷониби баъзе сиёсатмадорони муҳофизакор танқид шудааст. Масалан, Ҳизби озодии Австрия гуфтааст, ки чунин марказҳо берун аз Аврупо наметавонанд роҳи муассири ҳалли мушкили муҳоҷират бошанд.

То ҳол маълум нест, ки музокирот бо Руанда кай ба анҷом мерасад, марказ дар кадом шаҳр ҷойгир хоҳад шуд ва ҳар яке аз ин панҷ кишвар чанд нафар муҳоҷирро ба он ҷо мефиристад. Ҳамчунин маълум нест, ки ин тарҳ аз ҷониби додгоҳҳои Аврупо ва кишварҳои иштироккунанда чӣ гуна арзёбӣ мешавад.

Мавзӯъҳои марбут