Хабар МУҲОҶИРАТ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Саитаиб Саидмамадов, ки дар Олмон боздоштшуда буд, озод шуд

Мақомоти Олмон Саидтаиб Саидмамадов, фаъол ва намояндаи ҷомеаи помириҳоро ба Тоҷикистон истирдод намекунад.

Саитаиб Саидмамадов, ки дар Олмон боздоштшуда буд, озод шуд Акс: Интернет

Мақомоти Олмон мстирдоди Саидтаиб Саидмамадов, фаъол ва намояндаи ҷомеаи помириҳоро ба Тоҷикистон манъ кардааст. Дар пайи ин қарор ӯ рӯзи 18-уми ноябри соли 2026 аз боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Ҳофи Олмон озод шудааст.

Тибқи номаи Идораи марказии муҳоҷирати минтақаи Франконияи Миёна, ки ба ихтиёри “Паём” расидааст, Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагони Олмон рӯзи 17-уми ноябр дар парвандаи Саидмамадов қарори нав қабул карда, қисми марбут ба истирдоди ӯ дар қарори қаблии ин ниҳод аз 31-уми январи соли 2024-ро тағйир додааст.

Манъи ихроҷи ин фаъол бар асоси банди панҷуми моддаи 60-и Қонуни иқомати Олмон ба уҳдадориҳои ин кишвар тибқи Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон рабт дошта, ин меъёр бозгардондани шахсро дар ҳолатҳое манъ мекунад, ки чунин амал бо талаботи конвенсия мухолифат кунад.

Дар нома таъкид мешавад, ки пас аз қабули ин қарор дигар асоси ҳуқуқӣ барои нигоҳ доштани Саидмамадов бо ҳадафи иҷрои истирдод боқӣ намондааст ва аз ин рӯ, ӯ аз муассисаи нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Ҳоф озод ва додгоҳи маҳаллӣ низ дар ин бора огоҳ карда шудааст.

Ҳамчунин қарор буд рӯзи 19-уми ноябр дар додгоҳи шаҳри Ҳоф ҷаласаи баррасии боздошти Саидмамадов бо ҳадафи истирдод баргузор шавад. Аммо мақомоти муҳоҷират дар нома гуфтааст, ки бо аз байн рафтани имкони истирдоди ӯ зарурати баргузории ин ҷаласа низ эҳтимолан аз миён рафтааст.

Бо вуҷуди ин, дар ҳуҷҷати пешниҳодшуда ҷузъиёти далелҳое, ки Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагони Олмон барои қабули чунин қарор ба назар гирифтааст, шарҳ дода нашудааст. Ҳамчунин, дар нома аз эътирофи мақоми паноҳандагӣ ё додани иҷозаи иқомат ба Саидмамадов хабаре нест.

Мақомоти муҳоҷират ҳамзамон масъалаи муайян кардани маҳалли истиқомати минбаъдаи ӯро матраҳ карда, ӯро барои муайян кардани ҷойи нави зист ба маркази қабули муҳоҷирон роҳнамоӣ кардаанд.

Ёдоварм мешавем, ки Саидтаиб Саидмамадов рӯзи 19-уми октябри соли 2026 дар Олмон боздошт шуда буд. Баъд аз боздошти ӯ наздикон ва ҳамфикронаш аз хатари эҳтимолии истирдодаш ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд. Онҳо ҳушдор медоданд, ки дар сурати бозгардондан ба Тоҷикистон ӯ метавонад бо таъқиб ва хатари озору шиканҷа рӯ ба рӯ шавад.

Чун чанд фаъоли мухолифи тоҷик пас аз истирдод аз Олмон дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Аз соли 2023 ба ин сӯ Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев, Дилмурод Эргашев ва Асадулло Бобоев пас аз истирдод ба Тоҷикистон аз 7 то 17 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Мавзӯъҳои марбут