Хабар
ҲУҚУҚИ ИНСОН ҶАҲОН
Додгоҳи байналмилалӣ: Мянмор дар наслкушии мусалмонони руҳинҷа масъул аст
Додгоҳи байналмилалии додгустарии СММ Мянморро барои наслкушии мусалмонони руҳинҷа масъул донист.
Додгоҳи байналмилалии додгустарии Созмони Милали Муттаҳид Мянморро барои наслкушии мусалмонони ақаллияти руҳинҷа дар амалиёти низомии соли 2017 масъул донист. Ин ҳукм рӯзи 19-уми ноябр дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд эълон шуд.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, ҳайати додгоҳ бо раъйи 9 қозӣ ба муқобили 6 нафар ҳукм содир карда, ба ин натиҷа расид, ки нерӯҳои амниятии Мянмор алайҳи аҳолии руҳинҷа амалҳои наслкушӣ анҷом додаанд.
Додгоҳ дар ҳукми худ куштори ҳазорон сокини осоишта, хушунати густурдаи ҷинсӣ, ҳамла ба кӯдакон ва куштани афроде, ки барои наҷоти ҷони худ ба сӯи Бангладеш фирор мекарданд, аз ҷумлаи далелҳои ин наслкушӣ донистааст.
Ба гузориши Associated Press, додгоҳ иддаои мақомоти Мянморро дар бораи он ки амалиёти низомии соли 2017 танҳо барои мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳ анҷом шудааст, напазируфт.
Ин парванда соли 2019 бо пешниҳоди давлати Гамбия ба Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ ирсол шуда буд. Гамбия Мянморро ба нақзи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва ҷазо барои ҷинояти наслкушӣ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, ки масъулияти ин кишварро эътироф кунад.
Дар моҳи августи соли 2017 артиши Мянмор дар иёлати Ракхайн амалиёти низомиро оғоз кард. Дар ҷараёни ин амалиёт ҳазорон нафар кушта шуда, хонаҳои сокинон ва деҳаҳои руҳинҷаҳо оташ зада шуданд. Ҳамчунин, гузоришҳои зиёде дар бораи таҷовуз ба номус ва дигар шаклҳои хушунат нашр гардиданд.
Дар натиҷаи ин амалиёт беш аз 730 ҳазор нафар аз мусалмонони руҳинҷа маҷбур шуданд ба кишвари ҳамсояи Бангладеш фирор кунанд. Ҳоло тақрибан 1,2 миллион нафар аз онҳо дар урдугоҳҳои паноҳандагон, бахусус дар минтақаи Кокс-Бозор, ба сар мебаранд.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, Мянмор вазифадор аст масъулони ин ҷиноятҳоро таҳқиқ ва муҷозот кунад, ба қурбониён ҷуброн пардохт намояд ва барои бозгашти бехатару ихтиёрии паноҳандагони руҳинҷа шароити зарурӣ фароҳам оварад. Маблағи ҷуброн дар марҳилаи баъдии мурофиа муайян хоҳад шуд.
Ҳукми Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ ниҳоӣ буда, мавриди таҷдиди назар қарор намегирад ва барои тарафҳои парванда ҳатмӣ аст. Аммо ин додгоҳ ниҳоди махсусе барои иҷрои мустақими ҳукмҳоро надорад. Дар сурати иҷро нашудани он, масъала метавонад ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ирсол шавад.
Ин ҳукм аз ҷиҳати ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ дорад, зеро бори аввал Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ ин давлатро барои содир кардани наслкушӣ масъул донист.
Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд қарор дошта, баҳсҳои ҳуқуқии байни давлатҳоро баррасӣ мекунад.