Хабар ҶАҲОН

Мулоқоти Си, Трамп ва Путин дар Чин: се қудрати бузурги ҷаҳон чиро баррасӣ карданд?

Президентҳои Амрико, Русия ва Чин рӯзи 19-уми ноябр дар Чин нахустин мулоқоти рӯбарӯи сеҷонибаи худро баргузор карданд.

Мулоқоти Си, Трамп ва Путин дар Чин: се қудрати бузурги ҷаҳон чиро баррасӣ карданд? Акс: Getty Images

Президентҳои Амрико, Русия ва Чин — Доналд Трамп, Владимир Путин ва Си Ҷинпин рӯзи 19-уми ноябр дар Чин нахустин мулоқоти рӯбарӯи сеҷонибаи худро баргузор карданд. Пас аз ин нишаст се кишвар эъломияи муштарак қабул карда, аз зарурати ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид, таъмини устувори бозори ҷаҳонии энержӣ ва коҳиши хатарҳои марбут ба силоҳи ҳастаӣ изҳори назар карданд.

Мулоқоти раҳбарони се кишвар дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC), дар қароргоҳи Килин Вилла дар шаҳри Шенҷен баргузор шуд.

Доналд Трамп дар оғози нишаст таъкид карда, ки ИМА, Русия ва Чин, ҳамчун се қудрати бузурги ҳастаии ҷаҳон, барои коҳиш додани шумораи чунин силоҳҳо ва пешгирӣ аз истифодаи онҳо масъулияти махсус доранд.

Си Ҷинпин низ аз зарурати ҳамкории қудратҳои бузург сухан гуфта, таъкид кардааст, ки ҳамкорӣ метавонад ба суботи ҷаҳонӣ мусоидат кунад, дар ҳоле ки муқобилият ва ихтилоф миёни онҳо метавонад боиси бесуботӣ гардад.

Владимир Путин пешниҳод карда, ки дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ баррасӣ шаванд.

Дар оғози мулоқот мавзуи ҷанги Русия алайҳи Украина низ матраҳ шуда, Трамп изҳори умедворӣ карда, ки ҳам Путин ва ҳам ҷониби Украина хоҳони ба поён расондани ҷанг бошанд. Ӯ таъкид карда, ки барои расидан ба сулҳ гуфтугӯ ва музокирот заруранд.

Путин низ дар суханронии худ гуфтааст, ки Русия, Чин ва ИМА дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷанги Украина, манфиатҳои муштарак доранд. Баъдан ӯ ба хабарнигорон гуфтааст, ки масъалаи Украинаро дар мулоқотҳои алоҳида бо Трамп ва Си Ҷинпин баррасӣ кардааст. Путин ҳамчунин изҳор доштааст, ки ба талошҳои Трамп барои ҳалли низоъҳо, аз ҷумла ҷанг дар Украина, эътимод дорад.

Дар эъломияи муштараке, ки баъди нишаст аз ҷониби расонаҳои давлатии Чин нашр шуд, чаҳор самти асосии ҳамкории кишварҳо зикр шудааст.

Масъалаи аввал ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид буда, се кишвар, ки узви доимии Шӯрои амнияти ин созмон ҳастанд, ҷонибдори тағйироте шудаанд, ки ба СММ имкон медиҳад ба мушкилоти ҷаҳонӣ муассиртар посух диҳад ва рисолати асосии худ — ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалиро иҷро кунад.

Дар масъалаи дуюм ҷонибҳо аз афзоиши истеҳсол ва таъминоти маҳсулоти нафтии коркардшуда ҷонибдорӣ карда, аҳамияти устувории интиқоли манбаъҳои энергетикиро таъкид кардаанд.

Масъалаи сеюми эъломия ба масунияти мансабдорони давлатӣ дахл дошта, дар он таъкид шудааст, ки ризоияти давлатҳо ва эҳтиром ба масунияти мансабдорони онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳамчунин се кишвар гуфтаанд, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ва дигар ниҳодҳои монанд набояд аз доираи ваколатҳои худ берун раванд.

Ин мавқеъ дар ҳолест, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ моҳи марти соли 2023 ҳукми боздошти Владимир Путин ва моҳи ноябри соли 2024 ҳукми боздошти нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу ва вазири собиқи дифои ин кишвар Йоав Галантро содир карда буд. Путин ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар робита ба интиқоли ғайриқонунии кӯдакони украинӣ ва Натанёҳу ва Галант ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва зидди башарӣ дар Ғазза муттаҳам мешаванд.

Дар масъалаи чаҳорум раҳбарони се кишвар бори дигар таъкид кардаанд, ки ҷанги ҳастаиро наметавон бурд ва набояд ба он роҳ дод. Онҳо ҳамчунин аз баргузории гуфтугӯҳо барои коҳиши хатарҳои ҳастаӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии чунин силоҳҳо ҷонибдорӣ кардаанд.

Бо вуҷуди ин, дар эъломияи муштарак ба ҷанги Русия алайҳи Украина ва низоъ дар Ховари Миёна ишора нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Трамп пеш аз мулоқот дар суҳбат бо шабакаи Fox News гуфта буд, ки ИМА барои хотима додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Чин ва Русия ниёз надорад. Ӯ ҳамзамон иддао кардааст, ки Эрон мехоҳад бо Вашингтон созиш кунад, аммо ИМА дар пайи созиши дарозмуддат аст.

Бояд гуфт, ин нахустин нишасти мустақими сеҷонибаи раҳбарони Чин, Русия ва ИМА дар чунин қолаб ба ҳисоб меравад. Пас аз анҷоми мулоқот Си Ҷинпин онро мусбат, созанда ва судманд арзёбӣ кардааст. Путин низ гуфтааст, ки музокирот ошкоро ва самимӣ буданд. Трамп мулоқоти нахустини сеҷонибаи раҳбарони ИМА, Русия ва Чинро як рӯйдоди таърихӣ номида, гуфтааст: “Мо воқеан таърих месозем”.

Мавзӯъҳои марбут