Хабар ИҚТИСОД

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон аз 7 миллиард доллар гузашт

Касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли 2026 ба 7 миллиарду 57,3 миллион доллар расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53% афзоиш ёфтааст.

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон аз 7 миллиард доллар гузашт Акс:AI

Касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли 2026 ба 7 миллиарду 57,3 миллион доллар расида, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2,4 миллиард доллар ё тақрибан 53 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора дар гузориши Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ–октябри соли 2026” маълумот дода шудааст.

Тибқи ин гузориш, гардиши савдои хориҷии кишвар дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 11 миллиарду 787,1 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,1 дарсад ё 3 миллиарду 60,7 миллион доллар зиёд мебошад.

Аммо афзоиши гардиши савдо бештар аз ҳисоби воридоти мол таъмин шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон ба маблағи 9 миллиарду 422,2 миллион доллар мол ворид кардааст, ки нисбат ба соли гузашта 41,2 дарсад зиёд аст. Дар ҳамин ҳол, содироти маҳсулоти кишвар ҳамагӣ 15,2 дарсад афзоиш ёфта, ба 2 миллиарду 364,9 миллион доллар расидааст.

Дар сохтори содироти Тоҷикистон маҳсулоти маъданӣ, аз ҷумла маъдану консентратҳо, семент ва нерӯи барқ, мақоми асосӣ доранд. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ арзиши содироти ин гурӯҳи маҳсулот 926,7 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,4 баробар зиёд буда, 39,2 дарсади тамоми содироти кишварро дар бар мегирад.

Содироти металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо низ 189,1 миллион доллар афзуда, ба 522,6 миллион доллар расидааст.

Ҳамчунин содироти нахи пахта 21,8 дарсад зиёд шуда, 128,8 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин давра 79,5 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷ фиристода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 15,3 дарсад бештар мебошад.

Аммо содироти металлҳои ғайриқиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, аз ҷумла алюминий, коҳиш ёфта, арзиши содироти ин маҳсулот 28 дарсад ё 200,6 миллион доллар кам шуда, ба 515,8 миллион доллар расидааст.

Дар байни маҳсулоти воридотӣ афзоиши назаррас ба воситаҳои нақлиётӣ рост омада, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 589 миллион доллар воситаҳои нақлиёт ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 баробар ё 750,8 миллион доллар зиёд мебошад.

Воридоти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо низ 9,7 баробар афзоиш ёфта, аз 54,4 миллион доллар ба 529,3 миллион доллар расидааст.

Ҳамзамон, воридоти маҳсулоти маъданӣ 27,5 дарсад зиёд шуда, 1 миллиарду 402,9 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин маблағ беш аз 1 миллиард доллар ба маҳсулоти нафтӣ рост омада, воридоти ин нав маҳсулот дар муқоиса бо соли гузашта 35,9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон ҳамчунин дар ин давра 1,13 миллион тонна гандум ба маблағи 298,9 миллион доллар ворид карда, ҳаҷми воридоти гандум аз рӯи вазн 9 дарсад ва арзиши он 22,6 дарсад зиёд шудааст.

Дар даҳ моҳи соли 2026 Тоҷикистон бо 133 кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратӣ дошта, ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 39,5 дарсад ва ба кишварҳои хориҷи дур 60,5 дарсади гардиши савдои хориҷӣ рост омадааст.

Чин бо гардиши савдои 3 миллиарду 337,9 миллион доллар (2,59 миллиард воридот ва содирот ба ин кишвар 752 миллион) шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мондааст ва ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,1 дарсад зиёд буда, беш аз 28 дарсади тамоми савдои хориҷии кишварро ташкил медиҳад.

Русия бо 2 миллиарду 103 миллион доллар дар ҷойи дуюм қарор дорад. Пас аз он Қазоқистон бо 1,28 миллиард доллар, Швейтсария бо 1,02 миллиард доллар ва Узбекистон бо 695,5 миллион доллар ҷой гирифтаанд.

Танҳо дар моҳи октябри соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 134,7 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин моҳ содирот нисбат ба моҳи октябри соли гузашта 11,7 дарсад кам шуда, ба 195,4 миллион доллар расидааст, дар ҳоле ки воридот 44,7 дарсад афзоиш ёфта, 939,3 миллион долларро ташкил додааст.

Мавзӯъҳои марбут