Хабар
ҶАҲОН
Паҳподи Русия ба ҳарими ҳавоии Лаҳистон ворид шуд
Шаби 23 ба 24-уми ноябр як паҳподи Русия ҳангоми ҳамла ба ғарби Украина ба ҳарими ҳавоии Лаҳистон ворид шудааст.
Шаби 23 ба 24-уми ноябр як паҳподи Русия ҳангоми ҳамла ба ғарби Украина ба ҳарими ҳавоии Лаҳистон ворид шудааст. Фармондеҳии амалиётии Қувваҳои мусаллаҳи Лаҳистон ин ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтааст, ки барои сарнагун кардани паҳпод иҷозат дода шуда буд, аммо дар ниҳоят низомиён аз истифодаи силоҳ худдорӣ карданд.
Бино ба иттилои нашрияи лаҳистонии “Rzeczpospolita“, паҳпод тақрибан соати 22:50 дар наздикии шаҳри Дороҳуск, воқеъ дар вилояти Люблин ва наздики марзи Украина, ба ҳарими ҳавоии Лаҳистон ворид шудааст. Он тақрибан 20 километр ба умқи қаламрави кишвар ҳаракат карда, пеш аз расидан ба шаҳри Хелм самти парвозашро тағйир дода ва ба ҷониби Украина баргаштааст. Паҳпод тақрибан 8–9 дақиқа дар фазои Лаҳистон қарор доштааст.
Сухангӯи Фармондеҳии амалиётӣ Ячек Горишевский ба ин нашрия гуфтааст, ки аз рӯи суръати парвоз муайян шудааст, ки объекти мазкур паҳподи реактивӣ будааст. Аммо ӯ маълумоти ғайрирасмӣ дар бораи мушоҳидавӣ будани он ва доштани камераро тасдиқ накардааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории PAP бо истинод ба манобеи наздик ба Вазорати дифои Лаҳистон навиштааст, ки паҳпод эҳтимолан бо таҷҳизоти мушоҳидавӣ, аз ҷумла камераҳо, муҷаҳҳаз буда, барои ҷамъоварии маълумоти иктишофӣ истифода мешудааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, ҳаракати онро се низоми гуногуни мудофиаи ҳавоии Лаҳистон пайгирӣ мекарданд.
Фармондеҳии амалиётии Қувваҳои мусаллаҳи Лаҳистон дар изҳороти расмии худ хабар додааст, ки паҳпод дар тамоми масири парвоз тавассути низомҳои радиолокатории ҳарбӣ назорат мешуд. Ҳамчунин нерӯ ва воситаҳои зарурии мудофиаи ҳавоӣ ба ҳолати омодабош оварда шуда, барои сарнагун кардани паҳпод иҷозат дода шуда буд.
Аммо баъди тағйир додани самти ҳаракати паҳпод ба ҷониби шарқ, бо назардошти хатари эҳтимолӣ барои аҳолии осоишта ва оқибатҳои сарнагун кардани он, низомиён аз истифодаи силоҳ худдорӣ кардаанд.
Ҳамзамон Маркази давлатии амнияти Лаҳистон (RCB) барои сокинони чанде аз ноҳияҳои вилояти Люблин ҳушдори фаврӣ фиристода, аз эҳтимоли ҳамлаи ҳавоӣ хабар додааст. Дар паём аз сокинон даъват шуда буд, ки макони амн пайдо кунанд. Ин ҳушдор пеш аз нисфи шаб бекор карда шуд.
Муовини вазири дифои миллии Лаҳистон Павел Залевский эҳтимоли қасдан будани ин ҳодисаро рад накардааст. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки тасаввур кардани тасодуфӣ будани чунин ҳодиса душвор аст ва мақомоти Лаҳистон эҳтимоли амали қасдонаи Русияро баррасӣ мекунанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш се мушаки болдори русии Х-101 ба ҳарими ҳавоии Лаҳистон ворид шуда, дар қаламрави ин кишвар афтода буданд. Мақомоти Лаҳистон дар робита ба он ҳодиса низ тафтишот оғоз кардаанд.
То ҳол мақомоти Русия дар бораи ворид шудани паҳпод ба ҳарими ҳавоии Лаҳистон изҳороти расмӣ нашр накардаанд.