Хабар
ҶАҲОН
Бо вуҷуди оташбас ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза идома доранд
Давоми 48 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Исроил ба минтақаҳои гуногуни Ғазза 19 нафар кушта, наздики 50 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Давоми 48 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Исроил ба минтақаҳои гуногуни Ғазза 19 нафар кушта, наздики 50 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаъҳои маҳаллӣ, дар пайи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои исроилӣ ба як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Дайрул-Балаҳ дар маркази Ғазза Холид Абӯ Надо, муовини вазири маорифи ин минтақа ва ҳамсари ӯ кушта шудаанд. Дар ин ҳамла шаш нафар низ захмӣ шуда, вазъи бархе аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Инчунин гуфта мешавад, ки нерӯҳои исроилӣ бо паҳподҳо ва ҳавопаймои бесарнишин ба урдугоҳи паноҳандагони Шотӣ, ки гурезагони зиёде аз дигар минтақаҳои Ғазза бо онҷо паноҳ бурдаанд, ҳамла кард. Ин ҳамла боиси кушта шудани се нафар шудааст. Ҳамчунин, дар ҳамлаи дигар ба маҳаллаи Туффоҳ низ се нафари дигар кушта шудаанд.
Хабаргузории “Reuters” бо такя ба манбаъҳои тиббӣ аз кушта шудани як марди 62-сола дар натиҷаи тирпарронии нерӯҳои Исроил дар наздикии урдугоҳи Ал-Бурайҷ низ хабар додааст. Ба ҳамин далел, ин расона шумораи умумии кушташудагонро дар рӯйдодҳои охир дастикам нуҳ нафар нишон медиҳад.
Сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу ва вазири дифои ин кишвар гуфтаанд, ки Абӯ Нада барои фаъолияти молиявӣ ва соҳаи маорифи ҲАМОС масъул будааст. Онҳо кушта шудани ӯро тасдиқ кардаанд.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки аз замони эълони оташбас дар моҳи октябри соли 2025 низ ҳамлаҳо ва тирпарронии нерӯҳои Исроил дар Ғазза идома доранд. Ба гузориши “Reuters”, ҳамлаҳои шаби охир сеюмин шаби пайдарпайи ҳамлаҳои Исроил ба ин минтақа будааст.
Як рӯз пеш аз ин низ, тибқи гузориши “Ал-Ҷазира” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ғазза, дар ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи Шотӣ роҳбари хадамоти амнияти дохилӣ дар шимоли Ғазза Муҳаммад Маҷид Абӯ ал-Авф ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду духтараш кушта шуданд.
Бар асоси омори Вазорати тандурустии Ғазза, ки 23-юми ноябри соли 2026 нашр шудааст, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба ин минтақа дар 7-уми октябри соли 2023 то ин вақт 74 ҳазору 746 фаластинӣ кушта ва 176 ҳазору 234 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи ҳамин омор, аз замони эътибор пайдо кардани оташбас дар моҳи октябри соли 2025 то 23-юми ноябри соли 2026 дар Ғазза 1 ҳазору 679 нафар кушта ва 6 ҳазору 100 нафар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин, ҷасади 851 нафар аз зери харобаҳо берун оварда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) рӯзи 17-уми ноябр хабар доданд, ки беш аз 1,7 миллион нафар дар Ғазза ҳанӯз овора ҳастанд. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 1,98 миллион нафар ба кумакҳои марбут ба манзил ва ашёи зарурии рӯзгор ниёз доранд.
Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши башардӯстонаи худ вазъи Ғаззаро нигаронкунанда арзёбӣ карда, гуфтааст, ки идомаи ҳамлаҳо, вайрон шудани манзилҳо, камбуди маводи зарурӣ ва маҳдудиятҳо дар расонидани кумакҳои башардӯстона вазъи сокинонро боз ҳам мушкилтар кардаанд.