Оғози “облава”-и ҷавонон дар Тоҷикистон

Дар рӯзи аввали оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон нақша пурра иҷро шудааст.

Расонаи ҳукумати “Ховар” хабар дод, ки дар 1 рӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 100 дарсад иҷро кардааанд, аммо гуфта нашудааст, ки чанд ҷавон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд. Ҳатто Вазорати дифои кишвар дар сомонаи расмиаш аз оғози ҷалби ҷавонон ба хидмат чизе нанавиштаву омореро наовардааст.

Гуфта мешавад, ҳамеша Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бори дувум аст, ки вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввал аз пурра иҷро шудани нақша хабар медиҳанд, вале дар чанд соли охир ин бори аввал аст, ки минтақи Рашт аз пурра иҷро шудани нақша дар як рӯз хабар медиҳад.

Мақомдорон ҳамеша иҷро шудани нақшаро ба зиёд будани хоҳишмандон барои адои хидмат, омодагии баланди ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ дар байни онҳо рабт медиҳанд. Аммо худи сокинон ва коршиносон ин гуфтаҳоро рад намуда, мегӯянд, ки ҷавонон иҷборан ва бо роҳҳои ғайрироқонунӣ ба хидмат ҷалб мешаванд.

Дар давати тирамоҳии соли 2024 Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилояти Хатлон дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки пеш аз оғози даъват беш аз 3 ҳазор ҷавонро дар ин вилоят ба курсҳои ронандагӣ ҷалб кардаанд ва онҳоро соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ намуда, ба хидмат фиристодаанд.

Бояд гуфт, мавзуи даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон ҳамоно доғ боқӣ мемонад, зеро шикоятҳо аз шароити бад, муносибати бераҳмона бо сарбозон ва ҳолатҳои марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ идома доранд.

Дар солҳои охир мақомот ба ғайр аз “облава” аз усулҳои нави даъват, аз ҷумла гирифтани волидон ба гаравгонӣ, қатъ кардани барқи хонаҳо ва бастани дарҳои масҷидҳо барои онҳое, ки фарзандонашон ба хидмат намераванд, истифода мекунанд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо пеш аз оғози даъвати тирамоҳии соли 2024 дар ҷаласае вуҷуди мушкилотҳоро эътироф карда, аз зердастони худ хоста буд, ки зимни даъвати ҷавонон ба артиш даст ба қонуншиканӣ назананд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки то дар системаи Вазорати дифоъ тағйироти куллӣ сурат нагирад, бо дастуру супоришҳо ин мушкилот бартараф нахоҳанд шуд.

Даъвати баҳорӣ ба артиш аз 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи майи соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш бурда мешаванд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисобӣ кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.