25.9 C
Dushanbe

Раҳмонов дар Самарқанд аз кадом масъалаҳо гуфт?

4-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Самарқанди Узбекистон аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Дар ин нишаст, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба густариши равобит бо Иттиҳодияи Аврупо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид карда, ба аҳамияти “Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” ишора кард.

Ӯ аз қасди густариши содироти колоҳои Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупо бо истифода аз имтиёзҳои тиҷории мутақобила хабар дод ва ҳамчунин ҷалби сармоя ва ҷорӣ кардани фанновариҳои нав дар саноат, энергетика ва кишоварзиро муҳим арзёбӣ кардааст.

Раҳмонов дар суханронияш аз энергетикаи “сабз” гуфта, иддао кардааст, ки Тоҷикистон қасд дорад то соли 2030 тавлиди нерӯи барқро аз манобеи офтобӣ ва бодӣ то 10 дарсад афзоиш дода, то соли 2037 комилан ба иқтисоди “сабз” гузарад.

Ҳамзамон ӯ аз нақши Иттиҳодияи Аврупо дар лоиҳаи интиқоли нерӯи барқ ​​ба Осиёи Ҷанубӣ тавассути хатти CASA-1000 ва дар таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон, аз ҷумла “Норак”, “Себзор” ва “Қайроққум” ёдовар шуда, пешниҳод кардааст, ки Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорияшро дар сохтмон ва таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ идома диҳад.

Дар идома Раҳмонов аз таъсиси ҷойҳои корӣ, омодасозии коргарони баландихтисос, тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла кушодани филиалҳои донишгоҳҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон ва зиёд кардани квотаҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Аврупо, рушди сайёҳӣ ва мисли ҳамеша аз ҳифзи пиряхҳо ва корнамоиҳояш дар ин маврид гуфта, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои минтақавӣ, аз қабили БОМКА ва КАДАП-ро муҳим арзёбӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон 3-уми апрел вориди Самарқанд шуда, дар баробари иштирок дар аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо бо раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиев ва раҳбари Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо Урсула фон дер Лейен мулоқот ва дар Форуми “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” ширкату суханронӣ кардааст.

Бояд гуфт, як ҳафта пеш аз ин нишаст, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Иттиҳодияи Аврупо талаб кард, ки дар мулоқот бо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳуқуқи башарро дар мадди аввал гузорад.

Аммо тибқи эъломияи ин нишаст, ки дар расонаҳо нашр шудааст, волоияти қонуну озодиҳои бунёдӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои ҷузъӣ буда, бештар масоили иқтисодиву мубориза бо таҳдидҳо, аз ҷумла ташаббуси Global Gateway (алтернативаи тарҳи “Як камарбанд – як роҳ”-и Чин), мудирияти обу маъданҳо, масъалаи Афғонистон, давр задани таҳримҳо ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо қасд дорад муносибаташ Осиёи Марказиро то ба шарикии стратегӣ расонад.

Ва маълум нест, ки дар суҳбат бо раисҷумҳури худкома Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони аврупоӣ вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон, ки хеле бад аст, баррасӣ кардаанд ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иди Қурбон муборак бошад!

Имсол Иди Қурбон ба 6-уми июн рост омад. Фардо мусалмонони дунё ин иди бузурги солро ҷашн мегиранд.

Сахттар гардидани қонунҳо барои муҳоҷирон дар Русия

Дар Русия мехоҳанд сиёсати муҳоҷиратро боз ҳам сахттар кунанд.

Шикоятҳо аз гаронӣ дар арафи Иди Қурбон

Бо фарорасии Иди Қурбон нархи маҳсулоти хӯрока дар дукону бозорҳои кишвар гарон шудааст.

Трамп: Байни Украина ва Русия ба ин зудиҳо сулҳ шуданӣ нест

Дафтари матбуоти президенти Русия хабар дод, ки рӯзи чоршанбе, 4-уми июни соли ҷорӣ гуфтугӯи раисҷумҳурони Амрико ва Русия баргузор гашт.