Ҷарима ва зиндон барои напардохтани пули барқ

Дар Тоҷикистон қонунеро қабул карданд, ки тибқи он сокинон барои истифодаи “ғайриқонунӣ” ва “напардохтани пули нерӯи барқ” ҷарима ё зиндонӣ мешаванд.

Ин қонун 2-апрели соли ҷорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар баррасӣ ва қабул гардидааст. Дар қонун гуфта мешавад, афроде, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон мекунанд, аз 27000 то 90000 сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

Гуфта мешавад, ин навъи ҷазо дар ҷаласаи васеи Ҳукумат рӯзи 27-уми март аз ҷониби раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд ва дар давоми камтар аз даҳ рӯз тағйиру иловаҳо ба тарҳи қонун “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ” ва тарҳи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”-ро Вазорати адлия таҳия намуда, онро вазири ин ниҳод Музаффар Ашӯриён дар назди вакилон муаррифӣ кардааст.

Тибқи ин тарҳ, ба Кодексияи ҷиноӣ моддаи нав (2531) илова мегардад, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи барқ пешбинӣ мекунад.

Хабари қабули ин тарҳи қонун аз ҷониби вакилон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон маҳудиятҳои зиёде дар истифодаи нерӯи барқ амал мекунад, аз ҷумла муштариёне, ки зиёда аз 10 ҳазор киловат соат дар як моҳ барқ истифода мебаранд, арзиши барқ бо нархи корхонаҳои тиҷоратӣ барояшон ҳисоб карда мешавад ва то имрӯз мақомот 250 чунин муштаририро номнавис кардааанд.

Инчунин тибқи қарори нави Ҳукумати кишвар, аз 1-уми апрели соли 2025 арзиши нерӯи барқ низ боло рафт. Сокинон барои ҳар киловат соат барқ ба ҷойи 30,37 дирам 35,36 дирам пардохт хоҳанд кард.

Ва ин ҳама маҳдудияту гаронӣ дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз камбуди барқ ранҷ мекашанд ва маълум нест раисҷумҳур ва масъулин дар баробари ин маҳдудиятҳо барои бартараф намудани ин мушкилот чӣ иқдоме гирифтаанд.

Ба гуфтаи огоҳон, онҳое, ки пули барқро пардохт намекунанд, бештар корхонаҳои давлатӣ ва корхонаву шахсонеанд, ки ба хешовандони мансабдорони баландпоя тааллуқ доранд, ки ҳар киловат нерӯи барқро аксари ин корхонаҳо аз сокинон арзонтар хариддорӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисобӣ кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.