7.9 C
Dushanbe

Оё Э.Раҳмон муҷозот мешавад? Ба ҷуз ӯ боз парвандаи киҳо ба ДБҶ рафт?

Парвандаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) рафтааст, танҳо худаш нест, балки баъзе наздикон ва дигар вазирони ӯ низ шомили он ҳастанд.

Дар пайи хабари ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ кашондани Эмомалӣ Раҳмон ва бархе аъзои ҳукумати ӯ аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Azda TV барои тафсилоти бештар ва рӯшанӣ андохтан ба раванди пешбурди парванда бо вакили дифои он Николас Лигнёл мусоҳиба анҷом дод. Дар поён шакли пурраи мусоҳиба оварда шудааст.

______________________

Azda TV: Шумо ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки мақарраш дар шаҳри Лоҳаи Ҳоланд аст, аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шикоят бурдед ва ин шикоятҳо аз болои кадом мақомот ҳастанд, президент, вазирҳо ё додрасҳо?

Вакили дифоъ Николас Лигнёл (дар идома Вакил Н.Л.): Ин парванда ё шикояти бисёр калон шомили ҷиноятҳои зидди башарӣ аст, ки бо дасти мақомоти Тоҷикистон бар зидди шаҳрвандони ин кишвар сурат гирифта аст. Мо беш аз 60 парвандаи нақзи ҳуқуқи инсон, шиканҷа, таҷовуз ба номус, боздоштҳои худсаронаи мухолифин, таъқиб, фишор ва мусодираи молу дороиро ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ фиристодем. Додситони кули ин додгоҳ бар асоси факту далелҳо тасмим мегирад кадом мақомоти Тоҷикистонро, ки дар ин ҷиноятҳо даст доранд, дар пайгарди байналмилалӣ қарор диҳад. Дар раъси онҳо Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, вазирон, намояндагони парлумон, дастгоҳи қазоӣ, додситонҳо, додрасҳои Додгоҳи олӣ, пулис ва нерӯҳои амниятиро дар бар мегирад.

Azda TV: Шумо аз кадом ҷиноятҳо ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шикоят бурдед? Ҷиноятҳои зидди башарӣ?

Вакил Н.Л.: Албатта, аз ҷиноятҳои зидди башарӣ. Додситони ДБҶ масъули баррасии парвандаҳои ҷиноии зидди башарӣ аст. Чун мо далелҳои исботшуда дар бораи таҷовуз ба номус, қатлу куштор, боздоштҳои худсарона, шиканҷа ва дигар ҷиноятҳои тарҳрезишёфта бар зидди мухолифин аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар даст дорем. Бо ин далелҳо мо аз болои мақомоти ҷинояткори Тоҷикистон ба ДБҶ шикоят кардем.

Azda TV: Чӣ қадар замон мебарад то додситон парванда ва шикоятро баррасӣ кунад?

Вакил Н.Л.: Ин суоли душвор аст. Аввал додситон тасмим мегирад, ки парвандаро ба Додгоҳ пешниҳод кунад ё на. Агар тасмим гирифт, мо бар асоси моддаи 15-и Конвенсияи Рум кор мекунем. Ба ин маъно ки, ин парванда аз ҳимояти Шӯрои амнияти СММ ё ягон кишвари аъзои феълӣ ДБҶ бархӯрдор нест. Ин додситон аст, ки баъд аз баррасии санадҳо ва парвандаҳо тасмим мегирад парвандаро ба ДБҶ бифиристад ё на. Мо талош дорем, ки кишварҳои дигаро ҷалб кунем, то аз ин парванда ҳимоят кунанд. Дар сурати ҳимояти яке аз  кишварҳои узви ДБҶ, додситон маҷбур аст, ки онро баррасӣ кунад.

Azda TV: Шикоят ва сабти парванда ба ДБҶ чӣ таъсир ва паёмад дорад?

Вакил Н.Л.: Бубинед, ман адвокат ҳастам, на журналист ё таҳлилгар. Вале, умедворам, ки шикоят аз мақомоти Тоҷикистон дар ДБҶ таъсир хоҳад гузошт. Мақомоти Тоҷикистон дигар медонанд, ки ҷиноятҳои онҳо аз чашми ҷаҳониён пинҳон нахоҳад монд ва дар ДБҶ баррасӣ мегардад.

Azda TV: Фарз кунем, ки додситон ҳукми боздошти мақомоти ҷинояткоро содир кард. Оё танҳо он фарди ҷинояткор таҳти пайгард қарор хоҳад дошт, ё ин ки наздикон, фарзандонашон ва молу дороиҳояшонро низ дар бар мегирад?

Вакил Н.Л.: Суоли бисёр хуб аст. Аввалин таъсир ё паёмад ин аст, ки агар додситон тасмим бигирад барои боздошти ҷинояткорон, ӯ аз ДБҶ талаб мекунад, ки ҳукми таъқиб ва боздошти онҳоро содир кунад (Warrant of Arrest). Дар натиҷа, ҷинояткорон наметавонанд ба кишварҳои узви Конвенсия Рум, (125 кишвар узви ин Конвенсия ҳастанд) сафар кунанд. Ҳамчунин мо рӯи тарҳи наве кор дорем ва талош дорем, ки Додгоҳ моликияти онҳоро дар кишварҳои хориҷӣ мусодира кунад ва ба ҷабрдидагон ҷуброни хисорот пардохт кунуад аз ҳисоби молу дороиҳои ҷинояткорон.

Azda TV: Шумо гуфтед ба намояндагии аз 60 ҷабрдида ба ДБҶ шикоят бурдед. Дар ин парвандаҳо номҳои мақомоти мухталиф вуҷуд дорад? Масалан аз додситону муфаттиш гирифта то пулис ва дастгоҳҳои қозӣ? Агар бошад, оё Додгоҳ ҳамаи онҳоро дар пайгард қарор хоҳад дод?

Вакил Н.Л.: Бубинед, мо умедворем, ки ҳамаи касоне, ки дар ин ҷиноятҳо даст доштанд, мавриди пайгард қарор гиранд. Аммо ин раванд бисёр печида аст. Ҳамаи фактҳо ва санадҳоро додситон ва ДБҶ бо диққат баррасӣ мекунанд ва баъд тасмим мегиранд, ки кадом мақомотро дар пайгарди байналмилалӣ қарор диҳанд.

Ташакур барои мусоҳиба!

ЭЗОҲ: Ин вакили дифои фаронсавӣ, ки парвандаи ҷиноятҳои ҳукумати Тоҷикистонро ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар Лоҳа (Гаага) супорид, кист в адар бораи ӯ чи медонем?

Николас Линёл (Nicolas Ligneul) профессори ҳуқуқшинос ва вакили дифои форонсавӣ аст. Ӯ мухассиси дар соҳаи ҳуқуқи иҷтимоӣ ва тиҷорат мебошад. Устоди аршади ҳуқуқ бо собиқаи касби пурсамари академӣ аст. Николас пеш аз анҷоми рисолаи доктории худ дар соли 1998 дараҷаи магистрро дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ касб кардааст ва унвони докторияшро дар мавзуи қонуни ҷамъиятии фаъолияти иқтисодӣ бо дипломи аъло гирифтааст. Ӯ устоди Донишгоҳи Париж-Эст ва дигар донишгоҳҳои фронсавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Дар вазифаҳои муовини раиси бахши ҳуқуқи ҷамъиятӣ, муовини декани факултети ҳуқуқ вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ (аз 2008 то 2012), ҳамгироии касбӣ (аз 2012 то 2017) ва дар робитаҳои хориҷии факултет (аз 2017) кор кардааст. Никола Линёл ҳоло ҳуқуқшинос дар Додгоҳи кассатсионии Париж мебошад ва ба қонунҳои тиҷорат, ҳуқуқи ҷамъиятӣ ва қонуни арбитраж фаъолият дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҲНИТ бо ХИБУ ва ОА дар як баёнияи муштараке иттилоъ доданд, ки “Се созмон – созмони ғайриҳукуматии Хазинаи ихтиёриёни байналмилалии Украина (FUVI), созмони ҷамъиятии Озодӣ барои Авруосиё ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тавассути вакили мудофеи худ Николас Лигнул ба Додситонии Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аз болои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ шикояти асмӣ ирсол карданд.

Мухолифони ҳукумати Эмомалӣ ин иқдомро хуш пазируфтанд ва умед доранд, ки ҷиноятҳои раисҷумҳури Тоҷикистон дар додгоҳи байналмилалие баррасӣ мешавад. Аммо то ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба ин қазия вокунише накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафари навбатии Рустами Эмомалӣ ба Русия

Имрӯз Рустами Эмомалӣ, раиси парлумон ва писари раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон ба Русия сафар кард.

Боздошти “Усмони блогер” дар Тоҷикистон

Пулиси Душанбе 17-уми апрели соли ҷорӣ аз боздошти Усмон Мирзомуродов, маъруф ба "Усмони блогер" хабар дод.

Мусодираи амволи чеҳраҳои амъруф баъд аз зиндонӣ кардани онҳо

Мақомоти Тоҷикистон молу дороии чеҳраҳои маъруфро, ки ба гуноҳи "кӯшиши табаддулот" маҳкум шудаанд, мусодира мекунад.

Боз заминларза Тоҷикистонро такон дод

Пасзилзилаҳои водии Рашт то Душанбе ҳанӯз идома дорад. Дирӯз 16-уми апрел, дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар заминларза сабт шуд.