Имсол ҳам Тоҷикистон кишвари саркӯбгари расонаҳо баҳо дода шуд

Тоҷикистон дар радабандии нави Созмони Гузоришгарони бидуни марз дар байни кишварҳои саркӯбгари расонаҳо қарор гирифт.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз, ки гузориши нави худро барои соли 2025 нашр кард, вазъи озодии расонаҳо дар 180 кишвари дунёро таҳлил ва радабандӣ кардааст. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поёни ҷадвал ҷой дода шуда, ҳамчун кишварҳои саркӯбгари расонаҳо баҳо дода шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 180 кишвар дар мақоми 153-юм ҷой дода шуда, нисбат ба соли гузашта 2 зина боло рафтааст. Дар ин ҷадвал Қазоқистон дар мақоми 141, Қирғизистон – 144, Узбекистон – 148 ва аз ҳама бадтар Туркманистон аст, ки дар мақоми 174 ҷой дода шудааст.

Дар мавриди Тоҷикистон гуфта мешавад, ки равиши саркӯбгаронаи президент Эмомалӣ Раҳмон, ки худро ҳамчун “асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат” муаррифӣ кардааст, бар зидди расонаҳо ва садоҳои интиқодӣ боз ҳам шадидтар мешавад.

Гузоришгарон афзудаанд, ки фишорҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон боиси баста шудани расонаҳои мустақили зиёд шуда, инчунин даҳҳо рӯзноманигор маҷбур шудаанд Тоҷикистонро тарк кунанд ва рӯ ба муҳоҷират биёранд.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон иттилооте, ки аз тариқи радио, телевизион ва интернет пахш мешаванд, ҳамро бодиққат назорат мекунад ва дастрасӣ ба иттилооте, ки мақомоти расмӣ пешниҳод мекунанд, барои расонаҳои мустақил хеле маҳдуд аст. “Рӯзноманигороне, ки аз худсензура даст накашидаанд, аз ҷониби хадамоти махсус мавриди озору азият, таҳдид ва шантаж қарор мегиранд ва баъзеашон ба рӯйхати “террористон” ворид шудаанд. Пӯшиш додани хабарҳои эътирозие, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо зӯроварӣ саркӯб шуд буд, мамнуъ аст.”, омадааст дар гузоригш.

Инчунин Гузоришгарон бидуни марз, Эрон, Афғонистон ва Турманистонро “аз бузургтарин зиндонҳои рӯзноманигорон” меномад. Дар бораи Афғонистон мегӯяд, ки баргашти Толибон ба қудрат “зангулаи марг”-и озодии расонаҳоро дар ин кишвар ба садо даровардааст.

Ин ниҳоди байналмилалӣ вазъи озодии расонаҳо дар тамоми дунёро нигаронкунанда арзёбӣ мекунад. Ба иттилои гузоришгарон, расонаҳои хабарӣ бинобар мушкилоти иқтисодӣ дар тақрибан сеяки кишварҳои ҷаҳон баста мешаванд. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар Амрико, (дар мақоми 57-ум қарор дорад), Тунис (129-ум) ва Аргентина (87-ум) зиёд мушоҳида мешавад. 

Низ гуфта мешавад, вазъияти Фаластин (дар мақоми 163-юм) фоҷиабор аст. “Артиши Исроил дар Ғазза утоқҳои хабариро тахриб карда, тақрибан 200 рӯзноманигорро кушта ва дар тӯли беш аз 18 моҳ муҳосираи куллӣ ҷорӣ кардааст.”, омадааст дар гузориш.

Тибқи ин радабандӣ давлати Норевгияи дар ҷои аввал, Эстония дувум ва кишварҳои Чин, Кореяи Шимоӣ ва Эритрея аз ҳама охир дар ҷойҳои 178 то 180-ум ҷой гирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.