19.9 C
Dushanbe

Исроил муҷозоти эъдомро барои фаластиниён қабул кард

Парлумони Исроил рӯзи душанбе, 30-юми апрели соли ҷорӣ қонуни муҷозоти эъдомро барои фаластиниёне, ки аз ҷониби додгоҳҳо ба “даст доштан дар ҳамлаҳои маргбор” муттаҳам мешаванд, тасвиб кард.

Гуфта мешавад, мақомоти Исроил ҳукми эъдомро дар шакли ба дор овехтан амалӣ мекунад. Бар асоси ин қонун, ҳукм барои исроилӣ марбут нест ва танҳо дар ҳолате барои исроилиҳо содир мешавад, ки даст ба куштор бо ҳадафи “нобуд сохтани Исроил” зада бошад.

Қонуни тасвибшуда муҷозоти эъдомро дар давоми 90 рӯз пас аз судури ҳукм алайҳи муттаҳам илзомӣ мегардонад ва ҳеч гуна афве барои муттаҳам дар назар гирифта нашудааст.

Пас аз эълони тасвиби ин қонун аксар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба он вокуниш нишон дода, тавсиби онро маҳз ба хотири асирони фаластинӣ медонанд ва таъкид мекунанд, ки Исроил судури ҳукми эъдомро барои исроилиҳо агарчи бо чунин ҷиноятҳо даст занад ҳам иҷро намекунад.

Исроил аз соли 1954 муҷозоти эъдомро барои куштор лағв карда буд. То кунун агарчи додгоҳҳои низомӣ ҳаққи судури ҳукми эъдомро доштанд, вале касе бо он маҳкум нашудааст. Фаластиниҳо бо иттиҳомти зиёд боздошт мешаванд ва барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ мегарданд, вале муҷозоти эъдом ҷорӣ намешуд.

Гуфта мешавад, ин қонун тавассути ростгарои ифротӣ Этмар Бен-Гвир, вазири амнияти миллии Исроил пешниҳод шуда буд. Наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки дида мешуд, пас аз тасвиби қонуни мазкур Бен-Гвир ҳамроҳи чанд нафари дигар шодмонӣ мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои низомии фаластинӣ, аз ҷумла ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломӣ зимни шадидан маҳкум кардани ин қонуни исроилӣ аз фаластиниҳо хостанд, ки барои интиқом аз тасвиб шудани ин қонун аз тарафи рости ифротӣ, Бен-Гвир ҳамлаҳое ба Исроил анҷом диҳанд.

Ҳамзамон Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин ин қонунро нақзи ҳуқуқҳои байналмилалӣ ва талоше барои шикаст ва эҷоди тарс болои фаластиниҳо донист. Дафтари Маҳмуд Аббос дар баёнияе гуфт, “Чунин қавонин ва иқдомоте иродаи мардуми Фаластинро шикаста наметавонад ва ё устувории онҳоро дар роҳи муқовимат заъиф нахоҳад кард.”

Дар пайи вокунишҳои байналмилалӣ инчунин чанде аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса, Олмон ва дигарон тасвиби ин қонунро мухолифи меъёрҳои байналмилалӣ дониста, лағви онро аз парлумони Исроил талаб карданд. Аммо ҳизби рости ифротии “Отсма Яҳудит” (Қувваи Яуҳдият) бо раҳбарии Бен-Гвир эълон карданд, ки мо кори худро мекунем ва ба тавсияҳои кишварҳо таваҷҷуҳ намедиҳем.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талабот ба қувваи кории хориҷӣ дар пасманзари норасоии кадрҳо дар Русия

Давоми чор соли охир талаботи корфармоёни Русия барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Буҷети Вазорати маориф афзоиш ёфт. Вале дар мактабҳо пули таъмирро аз хонандагон мегиранд

Буҷети давлатӣ барои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 14 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 24% бештар аст.

Муҳоҷиронро дар Русия бо кадрҳои дохилӣ иваз кардан мехоҳанд

Дар Русия ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, тақрибан 13–15 дарсадро ташкил медиҳад ва ин соҳа бо норасоии кадрҳо рӯ ба рӯст.

Трамп: Агар ба созиш нарасем, ҳама зерсохторҳои барқии Эронро нобуд мекунем!

Трамп бо нашри паёме бори дигар таҳдид кард, ки агар ба зудӣ бо Эрон ба созиш нарасад, тамоми зерсохторҳои энержӣ ва чоҳҳои нефти ин кишварро нобуд месозад.