25.9 C
Dushanbe

Ҷанги Амрико ва Эрон: Аз аҳдофи нотамом то музокироти ноком

Эъломи оташбаси дуҳафтаӣ дар миёни Амрико ҳамроҳ бо Исроил ва Эрон абъоди тозаеро дар ҷиҳати рӯйкардҳои мутақобили ин кишварҳо пас аз поёни муддатзамони қатъи муваққати ҷанг матраҳ кардааст. Ин ки то ин замон ҳам Амрикову Исроил ва ҳам Эрон худро барандаи ин ҷанг донистаанд, қазияро печидатар мекунад, зеро дар зимни ҷанг ва ҳам таблиғоти расонаии ҳар ду тараф ташхиси воқеият хеле душвор аст.

“Хатти қирмиз” ё ҳаққи ҳалол?

Қабл аз ин ки ба бурду бохти ҷанги чиҳилрӯзӣ шуруъ бикунем, гуфтан муҳим аст, ки ихтилофи ҷонибҳои даргир дар ҷиҳати нақзи оташбас ҳанӯз дар рӯзи дувуми эъломи он ба вуҷуд омад, ки он ҳам бомбборони Лубнон аз тарафи Исроил буд. Эрон онро нақзи оташбас гуфт, аммо Трамп “як задухӯрди ҷудогона”-аш унвон кард, ки далеле бар напазируфтани шароити пешниҳодии Эрон дар музокира буд. Дар ин зимн Эрон ҳам эълон кард, ки барои посух додан ба ин иқдоми Исроил омодагӣ мегирад.

Пеш аз музокироти Амрико ва Эрон пешшартҳое дар расонаҳо мунташир шуданд, ки ба кишвари дувумӣ рабт дода мешуданд ва пазируфта шудани онҳо аз тарафи Амрико, бешак, Эронро чун барандаи ин ҷанг ҷилва медод. Аммо ҳанӯз дар ҳамон рӯзҳо Кохи Сафед ба гунае мавзеи худ дар ин заминаро рӯшан кард. Чун пешшартҳои Эрон матраҳ шуданд, сухангӯи Кохи Сафед эълом кард, ки шартҳои матраҳшуда ба Амрико аз он чи дар расонаҳо дар ин замина мунташир шуда, тавофут дорад. Ба назари ӯ, ғанисозии ураниум барои Доналд Трамп “хатти қирмиз” маҳсуб мешавад. Воқеан, раванди музокира нишон дод, ки ин масъала барои ҳар ду тараф “хатти қирмиз” аст. 

Пайгирии раванди воқеот ҳокӣ аз он аст, ки ҳич ҳадафи умдаи эъломшуда аз тарафи Амрико дар ин ҷанг то замони эъломи оташбас амалӣ нашудааст. Ҳадафи аслӣ барандозии низоми исломии ҳоким ва коҳиши қудрати низомӣ, зерсохтҳои ҳастаӣ ва таваққуфи ғанисозии ураниум дар Эрон будааст. Ба иддаои расонаҳои ғарбӣ, низоми ҳоким дар Эрон тазъиф шуда, аммо аз ҳам напошида, ҳол он ки тазъифи низом ҳам шояд ба таблиғоти расонаии ғарбӣ бозгардад. Он чи ки Амрико интизор буд, дар пайи кушта шудани саркардаҳои ин низом иттифоқ меуфтад, таҳаққуқ наёфт, балки ҷомеаи Эрон вазъи бараъкс ба онро нишон дод, ки эҷоди сипари зинда аз тарафи шаҳрвандони ин кишвар барои ҳимоят аз зерсохтҳои муҳими мулкӣ иштибоҳӣ будани таваққуи Вашингтон дар ин заминаро бармало кард. 

Ба иддаои мақомоти амрикоӣ, дар ин ҷанг қудрати муқобалаи дигаробораи Эрон ба шиддат тазъиф шуда, аммо ураниуми ғанисозишудаи ин кишвар ҳанӯз боқист. Дар ҳамин ҳол, мақомоти эронӣ ба истилоҳ дар ин ҷанг кам наовардаанд ва аз оғози музокироти қабл аз оғози ҷанг то музокироти оташбас ва пас аз он низ аз буъди қудрат дар рӯйёрӯӣ бо Амрико қарор гирифтаанд, ки воқеияти акси гуфтаҳои мақомоти амрикоиро бозгӯ мекунад. Бахусус пешниҳоди шартҳои даҳгонаи Теҳрон ба Вашингтон барои оташбас пас аз вориди ҷанг шудани Эрон бо Амрико далеле ба ин гуфтаҳост. 

Агар ғанисозии ураниум дар Эрон барои Вашингтон “хатти қирмиз” аст, Теҳрон онро ҳаққи ҳалоли худ медонад, ки гузашт аз он маънии ба сифр баробар шудани муқовимати беш аз чиҳилсолаи он бо Амрико ва соири қудратҳои ғарбиро дорад. Кохи Сафед низ аз ин гуна мавзеъгирии Эрон огаҳ буд, ки ба назари Доналд Трапм, “комилан ба он расидагӣ хоҳад шуд”, вагарна ӯ ба ин шарт розӣ намешуд. Аммо Эрон ба ҳич далеле аз ин ҳаққи худ, ки борҳо гуфтааст, ба ҳадафи мусолиматомез аст, нахоҳад гузашт, зеро он ба бақои низоми сиёсии ҳоким ва бештар аз он ба истиқлоли Ҷумҳурии Исломии Эрон гиреҳ хӯрдааст.

Аслан баҳси ғанисозии ураниум дар Эрон мавзуи нав нест. Барномаи ҷомеаи иқдоми муштарак (БарҶОМ) ё тавофуқи Эрон бо Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ва Олмон дар соли 2015 ин масъаларо шомил мешуд ва Теҳрон мутааҳҳид бар он буд, ки дар робита ба ғанисозии ураниум аз ҳадди таъйиншуда нагзарад. Ниҳоди нозир ба он, Созмони Байналмилалии Энержии Атомӣ тааҳҳуди Эрон ба БарҶОМ-ро борҳо таъйид карда буд. Аммо соли 2018, дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп Амрико аз ин тавофуқ хориҷ шуд. Қабл аз хуруҷи Амрико аз БарҶОМ, ки Эрон онро ба бадаҳдӣ иттиҳом мезад, пас ин иқдом Вашингтон бар шакки Теҳрон дар ин замина афзуд, ки ахиран, пас аз поёни бенатиҷаи музокирот Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ гуфт, “ҳайати амрикоӣ муваффақ ба дарёфти эътимоди ҳайати эронӣ нашуд”.

Нуқтаи дигари қобили таваҷҷуҳ тангаи Ҳурмуз аст, ки зарбулаҷала ва таҳдиди маҳви як тамаддун дар тӯли як шаб дар заминаи масдуд кардани он ба вуҷуд омад. Аммо дар ин зимн вуҷуди қудрати Эрон дар он зоҳир мегардад, ки убур аз Ҳурмуз барои Амрико дигар ройгон нахоҳад буд, зеро на танҳо зарбулаҷал, тамдиди муҳлати иҷрои он, таҳдиди маҳви Эрон ба унвони маҳди як тамаддун Амрикоро дар боз кардани он муваффақ накард, балки Теҳрон бозкушоии онро машрут ба ахзи авориз дар пешшартҳо кард. Пас аз поёни бенатиҷаи давраи аввали музокира Доналд Трамп судури амри муҳосираи тангаи Ҳурмузро эълом кард, ки Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ аз раҳгирии вуруди новгони амрикоӣ ба ҳадафи муҳосираи он хабар дод. 

Бояд гуфт, эъломи Трамп дар бораи ҳадаф қарор додани зерсохтҳои нафтӣ дар Эрон дар моҳи март мунҷар ба он шуд, ки Теҳрон тангаи Ҳурмузро ба рӯйи киштиҳо бандад. Пас аз ин иқдом ҳамлаи мазкур барои ду бор ба таълиқ даромад, ки ҷонибҳо сари мизи музокира нишастанд. Феълан ки ду ҳафта оташбас эълон шудааст, амри муҳосираи Ҳурмуз низ бидуни суде поён ёфтааст. Ин ҳама бастагӣ ба қудрати Эрон дорад, ки Амрикоро маҷбур мекунад, то тақозоҳои худро дар ҷиҳати расидан ба аҳдофаш тағйир бидиҳад. Аз ин рӯ, ба назари коршиносон, Эрон имкони бештаре барои пирӯзӣ дар рақобат бо Амрикоро дорад.

Шиква аз ҳампаймонон ва таҳдиди хуруҷ аз НАТО

Хусумати низоми сиёсии ҳоким дар Эрон бо Амрико ва Исроил таърихи нисбатан тӯлонӣ дорад. Аммо дар тирамоҳи соли 2023, пас аз ҳуҷуми ҲАМОС ба Исроил марҳилаи ҷадиде аз он шуруъ шуд. Ҳудуди ду сол баъд, 13 июни соли 2025 Исроил ба хоки Эрон ҳамла кард, ки он бо афрӯхтани оташи ҷанги 12-рӯзаи миёни ин ду кишвар сабти суҳуфи таърих шуд. Дар ин ҷанги дувоздаҳрӯза кишварҳои урупоӣ, аз муттаҳидони аслии Амрико аз Исроил ҳимоят карданд. Дар нишасти “Ҳафтгонаи Бузург” дар Канада тайи як баёнияе сарони кишварҳои урупоӣ, Амрико ва Канада гуфтанд, ки Исроил ҳаққи дифоъ аз худро дорад. Аммо дар ҷанги ахири Эрон бо Исроилу Амрико Урупо мавзеи мутафовит гирифт, ки Амрикоро ҳамроҳ бо Исроил дар рӯёрӯӣ бо Эрон танҳо қарор дод. Бисту панҷ рӯз пас аз шуруи ҷанги дувум Урсула Фон Дер Ляйен, раиси Кумиссиюни Урупо зимни дидор бо нахуствазири Устролиё ба далели ба рукуд мувоҷеҳ шудани иқтисоди Урупо тақозои ҳарчи зудтари хатми ҷанг ва ҳалли мусолитматомези ихтилофоти тарафҳои мутақобилро кард.

Таҳоҷум ба хоки Эрон ба мисли иқдомоти Амрико дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Либӣ на танҳо муттаҳидони урупоияшро ҷазб накард, балки бар асари он шикофи миёни Амрико ва кишварҳои урупоӣ бештар шуд. Ҳатто сойти “Садои Олмон” дар матлабе масъалаи хуруҷи Амрико аз НАТО-ро пас аз эъломи Доналд Трамп дар ин замина матраҳ кардааст. Ба ин сурат шакл гирифтани кор ба ихтилофоти ҳампаймонон рабт дода мешавад. Ихтилоф ба ҳадде шадид буда, ки ба назари Иво Даалдер, сафири Амрико дар НАТО дар солҳои 2009-2013, ин паймони низомӣ ба амиқтарин буҳрон гирифтор шудааст. Ӯ гуфтааст, ин буҳрон ношӣ аз адами эътимоди кишварҳои урупоӣ ба Амрикост. Аммо бояд гуфт, посухи Марк Рутте, дабири кулли НАТО дар бораи норизоиятии Трамп аз ин паймони низомӣ бинобар адами шарокаташ бо Амрико дар ҳамла ба Эрон то ҷое муғлақ аст: “Ҳамзамон ман тавонистам тазаккур диҳам, ки бештаре аз кишварҳои урупоӣ дар истиқрори нерӯҳои низомӣ, ҳамлу нақл, ташкили парвозҳо собит карданд, ки ба тааҳҳудоташон пойбанд ҳастанд”. 

Бояд гуфт, дар ду соли ахир ин бори дувум аст, ки дудастагие дар миёни Урупо ва Амрико ба вуҷуд меояд, ки ин вазъ барои аввалин бор пас аз тавофуқи Доналд Трамп ва Владимир Путин бар сари хатми ҷанг дар Укройн дар моҳи феврали соли гузашта мушоҳида шуд. Бархе аз кишварҳои урупоӣ, ки тавсеаталбии Русияро ба унвони таҳдиди амниятӣ ба хоки худ медонанд, иқдоми Трамп дар соли гузаштаро алайҳи манофеи худ дарёфтанд. Аз тарафи дигар Урупо буҳрони муҳоҷирати бархоста аз ҷанг дар Ховари Миёнаро дар ёд дорад, ки ҳудуди 10 сол дар ин қора вазъи сангинеро ба вуҷуд овард, ҳол он ки Амрико саҳме дар ҳалли ин мушкил дар Урупо надошт. Гузашта аз ин Эрон тайи 40 рӯзи гузашта тавонист, ки асари қобили мулоҳиза бар иқтисоди Урупо аз тариқи иқдомоти зимнӣ бигузорад. Ин иқдоми Эрон то ҷое ҳам барои Амрико ва ҳам барои Урупо ғайримунтазира буд. Аз ин рӯ, ҳатто дабири кулли НАТО ҳамон назареро дар бораи ҳамлаи Амрико ба Эрон иброз кард, ки дигар мақомоти урупоӣ карда буданд: “… дар бораи қабул надоштани Эроне бо тавоноии ҳастаӣ ва мушакӣ мо иттифоқи назар дорем”. Ин ки Урупо бо роҳбурди Амрико дар ҷиҳати тазъифи қудрати ҳастаӣ ва нерӯи мушакии Эрон розӣ аст, як барномаи мушаххас аст, аммо бо роҳкоре, ки Вашингтон интихоб кардааст, розӣ нест. Маҳз ин аст, ки феълан фосила гирифтани ҳампаймонон то ба ҳадди хуруҷи Амрико аз НАТО матраҳ шудааст. Ҳамзамон аз фишорҳои дохилӣ болои Трамп барои қатъи ҷанг бо Эрон коршиносоне низ мегӯянд. Хабаргузории “Рейтерз” бар асоси назарпурсие дар чанд иёлати Амрико гуфтааст, 60 дарсади амрикоиҳо зидди ҷанг бо Эрон ҳастанд.

Эрон ва Ховари Миёна

Низоми сиёсии Эрон ҳанӯз аз замони пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар мухолифат бо баъзе аз кишварҳои арабии Халиҷи Форс қарор гирифт. Ин ихтилофот бар асоси манофеи сиёсӣ, мазҳабӣ ва иқтисодӣ рӯ задаанд. Баръакси ин кишварҳои арабӣ, ки бо Ғарб, бахусус Амрико робитаи танготанг доранд, Эрон пушт ба он гардонд. Ихтилофи Теҳрону Вашингтон бинобар сафари Муҳаммадризои Паҳлавӣ, шоҳи маъзул дар соли 1979 ба Амрико барои табобат пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ, ки мунҷар ба асорати кормандони сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд, ҷиддӣ гашт. Аз тарафи дигар ҷумҳурӣ шудани Эрон ва таблиғи ин шакли идорӣ дар Ховари Миёна кишварҳои арабии амирию шоҳии минтақаро дар ихтилофи бештар бо Эрон қарор дод. Тавсеаталабии дигаре аз кишварҳои идеологӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва хафви тавсеаи ин идеология дар кишварҳои арабӣ, ҳамчунин Ҷанги Халиҷ, таҷовузи Ироқ ба Кувейт дар соли 1990 кишварҳои арабиро ҳарчи бештар бо Амрико наздик кард. 

Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошид, аммо Эрон бо вуҷуди ҷанг бо Ироқ ва таҳрим нуфузашро тақвият кард, ки пас аз тағйири давлати Ироқ дар ин кишвар, Лубнон ва Яман аз тариқи нерӯҳои ниёбатӣ ин нуфузро берун аз хоки худ густард. Ин иқдом аз сӯйи кишварҳои арабии дигар чун таҳдид ба амният ва маншаи эҷоди ихтилоф, табдили низомҳои ҳоким дар кишварҳо шинохта мешавад. Аз ин рӯ, ин кишварҳо бо шумули Лубнон ҳамеша талош мекунанд, то аз нуфузи Эрон дар минтақа бикоҳад. Ҳарчанд дар замони бедодгарии ДОИШ дар Ховари Миёна Эрон бо манбаи нооромӣ дар минтақа донистани пойгоҳҳои амрикоии мустақар дар он ҷо аз ҳамсоякишварҳояш даъват мекард, то ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар хоки худ поён ва иттиҳоде миёни давлатҳои мусалмон созмон диҳанд, ин даъватҳо рад мешуданд. Ҳоло ки баъзе аз ин кишварҳо ҳадафи ҳамлаҳои Эрон қарор гирифтаанд, шикоф ва адами эътимод миёни онҳоро бештар мекунад. Баъзе аз коршиносон аз миёнҷигарии байни Амрико ва Эрон канорагирӣ кардани Уммону Урдунро пас аз ҷанг дар ҳамалоти ҷумҳурии исломӣ ба кишварҳои арабии ҳамсояаш арзёбӣ мекунанд, ки зидди иқдомоти Эрон дар ҷиҳати эҷоди фазои мусолиматомез дар минтақа аст. 

Ба ҷойи хулоса

Ҳамин тариқ, идомаи ин ҷанг барои Эрон низ бо таваҷҷуҳ ба шароити рифоҳ ва иқтисоде, ки дорад, саҳл нахоҳад буд. Аммо аз он ки рӯёрӯӣ бо Амрико ба истиқлол ва тадовуми ҳокимияти низоми сиёсии исломӣ бармегардад, Теҳрон чораи дигар ҷуз пофишорӣ болои хостаҳояш надорад. Ҳарчанд бо ироаи пешшартҳои Эрон ба Амрико гуфта мешуд, ки онҳо аз тарафи Амрико пазируфта намешаванд, зеро ба куллӣ шикасти ИМА дар ин ҷангро возеҳ мекарданд, аммо Теҳрон роҳи бозгашт ба қафо надошт. Дар ҳоли бозгашт ба қафо ё истиқлолаш аз байн меравад ё низоми сиёсӣ дар ин кишвар суқут мекунад. Аз ин лиҳоз гуфта мешавад, тамоми иқдомоти ин кишвар ба сурати ҳисобшуда сурат мегирад ва дар қиболи ин бо таваҷҷуҳ ба тағйири аҳдофи хурду бузурги Амрико дар раванди ҷанг, ҳамроҳӣ накардани ҳампаймонон дар роҳкорҳои амрикоӣ, вуҷуди фишорҳои дохилӣ шонси ИМА барои пирӯзӣ камтар арзёбӣ мешавад. Бинобар ин ду натиҷа аз ин ҷанг ҳадс зада мешавад: 

  1. Гузашти бештари тарафҳо ва расидан ба як тавофуқи куллӣ бар асари дахолати дигар кишварҳо ба ин қазия.
  2. Идомаи ҷанг бо фарогири бештари кишварҳои минтақа то суқути низоми сиёсӣ дар Эрон.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар интихоботи Маҷористон ҳампаймони Амрико шикаст хӯрд

Виктор Орбан, "дӯст"-и Путин ва Трамп дар интихоботи парлумонии Маҷористон шикаст хӯрд.

Боздошти як зани овозхон бо итиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз боздошти як зани овозхон хабар дод, ки дар ҷиноятҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешавад.

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.