13.9 C
Dushanbe

Мақомоти Тоҷикистон наворҳои маҷбурии наздикони маҳбусони сиёсиро таҳқиқ мекунад

Бино бар гузориши Радиои Озодӣ, Додситони кулли кишвар номаи наздикони маҳбусони сиёсиро таҳқиқ хоҳад кард. Нома дар ҳоле ба Додситони кул ирсол мешавад, ки чанд рӯзи ахир аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон наздикони маҳбусон маҷбуран назди дурбин зидди хешу табор ва раҳбарияти ҲНИТ ҳарф заданду онҳоро террорист хонданд.

Матлаби Озодиро бидуни таҳрир дар зер мегузорем:

Додситонии кулли Тоҷикистон, бино бар маълумоти идораи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, номаи хешовандони чанде аз маҳбусонро таҳқиқ дорад. Нома охири моҳи июн ба мақомоти Тоҷикистон фиристода шуда, дар он омадааст, ки наздикони маҳбусон дар як маъракагирии сиёсӣ мавриди суистифода қарор гирифтаанд.

Бо муроҷиат ба раиси ҷумҳур, додситони кул ва ваколатдори ҳуқуқи инсон муаллифони нома гуфтаанд: “Дар телевизионҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам матлабу навор ва филмҳое паҳн мешаванд, ки дар онҳо наздикони моро, маҷбурӣ ба навор мегиранд”, то зидди рақибони сиёсӣ истифода кунанд.

Ҳамчун намуна аз паёмҳои видеоии Ҷамшед Нарзуллоев, Маҳмадалӣ Раҳматуллоев, Ҳикматулло Сайфов ва Фарзона Сайфуллозода ёдоварӣ шудааст, ки чанде пеш ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва сарону фаъолони онро ба терроризм айбдор мекарданд.

Бо ишора ба ин, имзокунандагони нома фишор ва маҷбуркуниро хилофи қонун ва аз сӯи дигар далели “маҳбуси сиёсӣ” будани наздиконашон номидаанд.

Дастгоҳи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, барои оғози тафтиши ҳамаҷонибаи ин шикоят рӯзи 3-юми июл ба Додситонии кулли Тоҷикистон дархост фиристодааст. “Аз натиҷаи он ба Омбудсмен ва муаллифони нома хабар дода мешавад”, – гуфтанд дар ин идора.

Аммо Ҳусниддин Нидоев, сардори шуъбаи сиёсии Идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар нома номуайяниҳое вуҷуд дорад: “Аз ҷумла, ному насаби намояндаи мақомот мушаххас оварда нашудааст, ки кай ва дар куҷо наздикони онҳоро маҷбур кардаанд, дар шабакаҳои телевизионӣ ба зидди раҳбарони ҲНИТ ҳарф зананд.”

Муаллифони нома бар инанд, ки наворҳо маҷбурӣ сабт мешаванд. Вале бо исботи ин иддао иқрори ҳеч кадоме аз ширкаткунандагони паёмҳои видеоиро намеоранд.

Онҳо менависанд: “Мисоли дигар, ки мо мехостем шумо ба он диққат кунед баромади видеоии Фарзона Сайфуллозода, духтари маҳбуси сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода аст. Дар баромади Фарзона баръало дида мешавад, ки ӯ ихтиёрӣ не, балки дар натиҷаи маҷбурӣ, фишору фиреб ва ё таҳдид мусоҳиба додааст. Ва эҳтимол меравад, ки пайвандони дигар маҳбусони сиёсӣ аз тарс ва таҳдиди мақомот, ки ҳеҷ куҷое ҳамрасонӣ нашуда ва ё инки нахостаанд расонаӣ шавад чӣ гуна бошанд?!”

Дар навори “таҳрирнашуда”-и Фарзона Сайфуллозода (дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд) ду лаҳзае ҳаст, ки мехоҳад, сабтро қатъ кунанд. Дар яке аз ин лаҳзаҳо мегӯяд, “ман ин тавр наметавонам”. Талошҳои мо барои суҳбат бо Фарзона Сайфуллозода номуваффақ буд, вале модараш рӯзи 4-уми июл гуфт, видеоро дар ноҳияи Панҷ сабт кардаанд.

Фароғат Сангинова, ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, ки феълан дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад, гуфт: “Маҷбур кардаанд ва матни суханашро фаҳмондаанд, ки чӣ бигӯяд. Баъд сабт карда, дар Ютуб гузоштаанд. Ман ҳам дар Ютуб дидам. Ба духтарам занг задам, вале телефонаш хомӯш аст. Бо роҳҳое аз одамони дигар фаҳмидам, ки саломатиаш бад нест, лекин мехостам садои худашро шунавам, нашуд.”

Эҳтимол меравад, барои тафтиши шикоят ширкаткунандагони паёмҳои видеоӣ мавриди пурсиш қарор гиранд. Шӯҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз аъзои зиндонии ҳизби манъшуда мегӯяд, дар охири моҳи июн наздиконашро маҷбур кардаанд, ки зидди роҳбарони ҳизб дар хориҷа изҳорот диҳанд. Вай мегӯяд, “ин кор баъд аз пахши барномаи “Хиёнат” дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон сурат гирифт.”

Дар гузашта низ видеоҳои ҳамсон зидди афрод ва гуруҳҳои мухолифи давлат таҳия ва пахш мешуданд. Як аломати созмонёфта будани чунин наворҳо дар он аст, ки бо тағйири мавқеъ кардани мухотабони онҳо таҳия ва пахши паёмҳо низ қатъ мегашт. Чунончи шаш-ҳафт сол пеш силсилае аз чунин паёмҳо нисбат ба раҳбари созмони “Ватандор”, рӯзноманигор ва сиёсатмадор Додоҷони Атовуллоҳ пахш гашта буд.

Волидони Шарофиддин Гадоев, узви пешини “Гуруҳи 24” ва ҳоло раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, моҳи октябри соли 2014 дар паёми видеоӣ аз ӯ хостанд, ки баромадҳои зиддиҳукуматиро хотима диҳад ва “шукронаи оромию ободӣ кунад ва ба Ватан баргардад”.

Моҳи марти имсол Насимҷон Бадалов, сокини ноҳияи Панҷ ва бародари Шобудин Бадалов, узви “Гуруҳи 24” дар паёми видеоӣ аз бародараш хостааст, ки ба назди падару модар баргардад ва онҳоро дар айёми пирӣ нигоҳубин кунад.

Муаллифони нома менависанд, ба “таҷрибаи фишороварӣ ба наздикони мо, ки дар Ватананд ва инчунин суистифодаи онҳо дар муборизаҳои сиёсӣ бояд хотима дода шаванд.”

Дастгоҳи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, аз натиҷаи тафтиши нома “ба Омбудсмен ва муаллифони нома хабар дода мешавад”. Аммо Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ин ариза “ё беҷавоб мемонад ё ҷавоб дода мешавад, ки нисбат ба хешу табори онҳо таҳдид, шиканҷа ва фишор умуман ҷой надорад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...