12.9 C
Dushanbe

Барқарории қарзи об дар ҳаҷми наздик ба сеюним миллион сомонӣ

3 миллиону 400 сомонӣ пули қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ рӯёнида шудааст. Дар ин бора Оҷонси беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.

Хабаргузории Ховар бо истинод ба маълумоти эъломшуда дар ин нишаст менависад дар нимсолаи аввал қарзҳои кредиторӣ барои хизмати обрасонӣ 348 миллиону 890 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла қарзи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ наздики 23 миллион сомонӣ, қарзи музди меҳнат 3,1 миллион сомонӣ ва қарзи ҳамаи намуди андозҳо 11,0 миллион сомониро ташкил додааст.

Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 20,67 миллион сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин 3,39 миллион сомонӣ рӯёнида шуд ва боқимонда 17,27 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад.

Холмурод Раҳмон, мудири Оҷонси беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон ҳамчунин иброз намудааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон сохторҳои Оҷонсӣ дар навоҳии кишвар бо 61 038 истифодабарандаи об дар 547 227   гектар замини корами обӣ шартномаи доду гирифти об ба имзо расонидаанд. Ба онҳо дар ҳаҷми 1805,4 млн. метри мукааб бо арзиши 34,75 млн. сомонӣ об расониданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138,0 млн. метри мукааб об ва 30,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардидааст, ки ба ҳисоби миёна дар кишвар ба ҳар гектар замини обӣ 3,3 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст.

«Бо вуҷуди он, ки идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  уҳдадориҳои шартномавии худро ҷиҳати бо оби обёрӣ таъмин намудани истифодабарандагони об иҷро карда бошанд ҳам, аз ҷониби истифодабарандагони об ҳамагӣ ба маблағи  25,65 млн. сомонӣ ё ин ки 75 фоизи арзиши оби додашуда ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудаасту халос»,

гуфт  Холмурод Раҳмон, мудири Оҷонси беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон.

Мудири Оҷонси мазкур ҳамчунин гуфттаст, ки бақияи қарзи соли равон  аз ин ҳисоб 5,0 млн.сомонӣ ва бо назардошти солҳои пешин 140,3 млн. сомониро ташкил  менамояд. Бинобар пурра ва сари вақт пардохт накардани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби обистифодабарандагони  қарзҳои дебиторӣ 6,2 млн.сомонӣ афзоиш ёфта, 173,19 млн.сомониро ташкил додааст.

Ин дар ҳолест, ки мудири Оҷонси беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон аз кайфияти заминҳои корам ва аз тариқи нассосҳо обшоршаванда изҳори назар накардааст. Авзоъ заминҳои тавассути насосҳо обёришаванда дар кишвар бисёр ҳам бад аст мегӯянд деҳқонон ва масъулони воҳидҳои кишоварзӣ.

Бештари нассосҳо дар ин гуна заминҳо ҳамоно аз даврони шӯравӣ боқӣ монда бо онки фарсуда ва корношоям шудаанд, на танҳо тавони таъмини оби мазореъро доранд, балки ба иллати харобӣ ба заминҳои лалмӣ бадал шудани заминҳои обӣ мешаванд. Аз ин ҷост, ки коршиносон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоботу гузориши солонаи масъулини давлатӣ дар мавриди рафъи мушкили обрасонӣ эътимод надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.

Аксбардории падару духтар ва домод бо Попи Рум

Рӯзи 26-уми апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар Ватикан бо попи Рум, Франсиск ва Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот кард.

Чаро шаҳрдори Душанбе инро намебинад?

Чандест сокинони шаҳри Душанбе аз вазъи тозагии шаҳр, аз ҷумла тоза накадани партовгоҳҳои назди баландошёнаҳо шикоят доранд.