8.9 C
Dushanbe

Ҷаримаи шаҳрвандон барои бениқобӣ баҳри чист? Шаҳрвандон гунаҳкоранд ё мақомот?

Дар Тоҷикистон беш аз 2600 нафарро барои риоя накардани қойдаҳои беҳдоштӣ, ҷарима кардаанд, вале Вазорати корҳои дохилӣ инро рад мекунад.

Радиои Озодӣ бо такя ба манбааш дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, нафароне, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва бозору мағозаҳо бидуни ниқоби тиббӣ гаштугузор мекардаанд, ҷарима шуданд.

Дар Тоҷикистон баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст ва барои паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол, дар сурати такрор аз 5 то 10 сол ба ҳабс гирифта мешавад.

Як сокини шаҳри Душанбе Баҳруллои Нодир, ки бо кормандони милиса барои надоштани ниқоби тиббӣ вориди баҳс шудааст, мегӯяд:

“Ман аз автобус баромадам ва ниқобамро барои ҳавои тоза гирифтан барои чанд дақиқа гирифта будам, ки як нозири роҳ боздоштам кард ва гуфт, ки ниқобат куҷост? Нишон додам ва гуфтам, ки барои ҳавои тоза нафас кашидан онро гирифтам. Мехост, ҷарима кунад, ки ҳамроҳашро нишон додам, ки ниқоб надошт. Гуфтам, худатон риоя намекунед, чаро аз мо мепурсед?”

Дар ҳамин ҳол  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷарима шудани сокинони кишварро рад кардааст. Сухангӯи ин ниҳод Нусратуллоҳ Маҳмадзода ба “Sputnik” гуфтааст: “Мақсади мо ҷаримаи мардум нест. Мақсади мо ин корҳои профилактикӣ аст, ки мардум аз ин беморӣ огоҳ бошанд ва худро ҳифз намоянд”.

Ба гуфтаи Маҳмадзода вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, кормандони милитсияро гуфтааст, бо мардум хушмуомила бошанду миёни мардум аз хатари бемории COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Вале сокинон гуфтаанд, кормандони милиса интихобӣ ва танҳо ба хотири анҷоми расмиёт ҷарима мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дода буд, ки 50 нафар сокинонро барои риоя накардани қойдаҳои беҳдоштӣ ҷарима карда буданд.

Пизишкон мегӯянд, доштани ниқоб ягона роҳи ҳифзи саломатӣ аз коронавирус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аст. Сокинон ба он аҳмият намедиҳанд, ё онро нодуруст истифода мекунанд.

Пизишки тоҷик Ҷумъахон Рузиев, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, баъзе аз шаҳрвандон ниқоби тиббиро аз барои ҷарми нагардидан бо худ мегиранд, вале қойдаҳои беҳдоштии онро риоя намекунанд.

Ба гуфтаи ин табиби тоҷик,  “дар як рӯз ду се бор ниқобро бояд иваз кард. Лекин шаҳрвандони мо як ниқобро ду се рӯз истифода мекунанд. Ниқоб дар кисааш ҳаст, ба ягон бино ворид шуд, онро ба бар мекунад. Ин хел ниқобҳо, баръакс, манбаи паҳншавии вирус мешаванд. Шаҳрвандон бояд дуруст қоидаҳоро аз бар кунанд, на ин ки аз тарси қонун хатарноктар амал намоянд.”

Коршиносон бар ин назаранд, ки аксари сокинон имкони ҳамарӯза харидории ниқобҳои тиббиро надоранд, зеро ҳоло як дона ниқоб дар Тоҷикистон то 3 сомонӣ нарх дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.

Волидайни хонандагони як мактаби шаҳри Ваҳдат аз пулҷамъкунии директор ба дод омадаанд

Волидайни чанде аз хонандагони мактаби рақами 133 ба номи Абдухолиқов Аслиддини шаҳри Ваҳдат аз ҷамъоварии беҳудаи маблағ аз ҷониби директор Розиқова Дилафруз шикоят доранд.

Эрон ҳамлаи паҳподӣ ба Озарбойҷонро такзиб кард

Субҳи рӯзи панҷшанбе Озарбойҷон аз ҳамлаи паҳподии Эрон ба Нахҷавон — минтақаи анклав дар ин кишвар, ки бо Эрон ҳаммарз аст, хабар дод.