-1.1 C
Dushanbe

Кабирӣ: Тоҷикистонёни ноозод мехоҳанд Афғонистон озод бошад

Муҳиддин Кабирӣ, раҳабари Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ), эътилофи мухолифони тоҷик зимни муроҷиати навбатиаш ба шаҳрвандон, ки дирӯз тариқи он-лайн дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр шуд, аз коршиносон ва рӯшанфикрони тоҷик ба хотири дифоъ аз арзишҳои умумибашарӣ дар Афғонистон ситоиш кард ва ҳамзамон аз бархеҳо интиқод кард, ки нисфи ин талошҳоро барои Тоҷикистон анҷом намедиҳанд.

Кабирӣ мегӯяд, омодагии рафтан ба Афғонистон ва қарор гирифтан дар паҳлӯи касоне, ки алайҳи зулму беадолатӣ ва фасод мубориза мебаранд, онро як фоли нек медонад ва таҳсин мехонад.

Раҳбари ПМТ дар айни ҳол хитоб ба ин идда аз афрод, ки барои мардуми Афғонистон садо баланд мекунанд, суол медиҳад, ки оё ин нафарон озодӣ, каромат, шарофат ва ҳукумати фарогирро танҳо дар Афғонистон мехоҳанд ё дар Тоҷикистон низ?

Ба гуфтаи ӯ: “Агар инро танҳо дар Афғонистон мехоҳанд, кофист, ки шумо як баёния бидиҳеду Толибонро ва ё ҳар гурӯҳи яккатози дигарро маҳкум ва мавқеъатонро баён кунед. Аммо вақте, ки як нафар, як ҳизб, як гурӯҳ ва ҳатто як кишвар мехоҳад, ки дар амал инро татбиқ кунад ва (ба таври) физикӣ биравад ба онҷо, суол ба вуҷуд меояд, ки чаро инро аввал дар ватани худамон накунем?”

Муҳиддин Кабирӣ аз фишорҳо дар Тоҷикистон ёдовар шуд ва пурсид ки чаро он муборизае, ки ҳоло барои Афғонистон мебаранд ҳадди ақал 50 дарсадашро барои Тоҷикистон накунанд?

Пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва тасаллути Толибон ба Кобул дар Тоҷикистон Аз президент сар карда то дигар фаъолон аз навъи ҳукуматдории Толибон интиқод мекунанд ва талаб доранд, то тақсими қудрат дар ин кишвари ҳамсоя одилона ва бо шумули ҳамаи ақаллиятҳо сӯрат бигирад.

Ахиран Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ ба омбудсменҳои давлатҳои хориҷа ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар муроҷиат намуда, хостори садо баланд кардан дар баробари поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Афғонистон шудааст.

Аммо коршиносон ва созмонҳои ҳуқуқии байнамлмилалӣ Тоҷикистонро низ пайваста дар нақзи ҳуқуқи инсон ва ташкили ҳукумати хонаводагӣ айбдор мекунанд.

Гуфтанист, чанд ҳафтаи ахир ҳатто мубаллиғони ҳукумати хонавадагии Эмомалӣ Раҳмон низ аз озодӣ ва адолат, ташкили ҳукумати фарогир ва эҳтироми ҳуқуқи башар дар Афғонистон мегӯянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мавзӯи Афғонистон байни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ бахусус онҳое, ки муқими кишварҳои Аврупо ва Амрико ҳастанд, то рафт доғтар мешавад ва дар баъзе ҷойҳо низ бо таҳқиру тавҳини якдигар поён меёбад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.