7.9 C
Dushanbe

Афзоиши муҳоҷирони зан дар Русия

Натиҷаи як таҳқиқот нишон додааст, ки дар солҳои ахир тамоюли нави муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия тағйир карда, теъдоди занҳо нисбат ба мардҳо дар ҳоли афзоиш аст.

Бар асоси ин таҳқиқот дар умум камтар аз 20 дарсади занони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар забони русиро хуб медонанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Русия (ФМС), дар соли 2009 ҳаҷми умумии занон дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ 14 дарсадро ташкил медод. Аммо барои мисол, имсол то 50% -и онҳое, ки аз Қирғизистон ба Русия омадаанд, занон ҳастанд, теъдоди бонувон аз Тоҷикистону Туркманистон ҳадди аққал 10% -ро ташкил медиҳанд. Вале бар асоси маълумоти ҳафтаномаи “Вечёрка”-и Душанбе он 15 дарсад гуфта мешавад.

Бино ба маълумоти Маркази тадқиқоти муҳоҷират дар Русия, ки он дар рӯзномаи Маскав нашр шудааст, соли 2010 ҳиссаи заноне, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Русия сафар кардаанд 30%, Ҷумҳурии Қирғизистон – 13% ва Ҷумҳурии Тоҷикистон – тақрибан 10 дарсадро ташкил медиҳанд.

Бар асоси маълумоти ин марказ, соли 2010 аксарияти занони муҳоҷире, ки дар бахши хизматрасонӣ кору фаъолият мекунанд 42% буда, дар бахши тиҷорат 33 дарсад аст. Аз ҷумла, 20 дарсади занони муҳоҷир аз Қирғизистону Тоҷикистон дар бахши тамизкоркорӣ фаъолият мекунанд.

Светлана Сивоплясова, намояндаи Институти тадқиқоти демографии Академияи илмҳои Русия мегӯяд: “Агар мо раванди муҳоҷирати занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русияро ба назар бигирем, лозим аст, ки ба таври мутлақ афзоиш ёфтани ин нишондиҳандаро дар солҳои 2016-2019 қайд кунем. Барои мисол, дар соли 2020 бо сабабаби ҳамагир шудани коронавирус муҳоҷирати занон коҳиш ёфтааст.”

Вай меафзояд, вақт нишон хоҳад дод, ки тағйири ҷараёни муҳоҷират майл ба сӯи занонашавӣ (феминизатсия) дорад ва он на танҳо дар бозори меҳнати дохилӣ, балки ба вазъи демографии кишвар низ таъсири назаррас хоҳад гузошт.

Гуфта мешавад, тафовути синну соли занони муҳоҷир, ки аз ин кишварҳо меоянд гуногун аст: Барои мисол, “Занони то 30 – сола асосан аз Қирғизистон меоянд ва теъдоди ками онҳоро занони аз 30 то 40-сола ташкил медиҳад. Аммо аз Узбакистону Тоҷикистон бошад, дар умум шумораи занҳо то 30 -сола ва занони калонсол мебошанд.”

Анна Рочева, пажӯҳишгари пешбари гурӯҳи тадқиқоти муҳоҷират ва қавмият дар Русия, бар ин назар аст, ки ин раванд, яъне “муҳоҷирати занон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозори меҳнати дохилӣ хеле таъсир мерасонад”.

Инчунин дар ин тадқиқот омада, ки тӯли даҳ сол вазъ аз рӯи сатҳи донистани забони русӣ тағйир наёфтааст. Тибқи маълумоти Маркази тадқиқоти муҳоҷират, дар миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ 32,1% муҳоҷирон аз Қирғизистон бо донистани забони русӣ мушоҳида шуда, аз Тоҷикистон – 19,7%-ро фаро мегирад.

Инчунин коршиноси Маркази ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Нодира Абдуллоева дар як конфронс, ки аз ҷониби (СБМ) Созмони Байналмилалии Меҳнат дар ҳамкорӣ бо Интернюс доир шуда буд, ба ҳафтаномаи “vecherka.tj” гуфт: Асосан занони аз шавҳарҳояшон ҷудошуда ё мардонашон дар Русия ва дар дигар кишварҳо хонадор шудаанд, ё бевазан ҳастанд, ки аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ва ин табиист, ки фоизи занони муҳоҷири корӣ меафзояд, аммо ин дар стратегияҳои ҳукумат ба назар гирифта намешавад.

“Талаботи занони муҳоҷирро дар ҳама марҳилаҳои муҳоҷират ба назар гирифтан лозим аст. Якум омӯзиш, дастрасии ройгон ба маълумот дар бораи ҷойҳои корӣ дар хориҷа вуҷуд дошта бошад. Ба занон фаҳмондан лозим аст, ки чӣ имтиёзе дорад ва хароҷоти муҳоҷират чист? Инчунин хадамоти консулӣ ва дипломатӣ низ бояд бо назардошти вижагиҳои гендерӣ таъмин карда шаванд ”, – зикр кард Нодира Абдуллоева.

Соли 2020 ҳафтаномаи русзабони Тоҷикистон “Вечёрка” навишта буд, ки дар Тоҷикистон соли 2021 як протоколи махсуси Созмони Байналмилалии Меҳнат ба ҳукми иҷро медарояд, ки ва бар асоси он кори оҷонсиҳои хусусии шуғли аҳолӣ, хусусан ҳангоми ҷалби муҳоҷиронро барои кор дар хориҷа муайян мекунад. Аммо аз тарафи дигар, ҳеҷ яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Конвенсияи 189 СБМ “дар бораи тавсия оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои хурду миёна”-ро имзо накардаанд.

Қаблан коршиносони рус дар расонаҳо гуфта буданд, ки ҷараёни муҳоҷират ба самти занонашавӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия рӯ ба афзоиш аст.

Галина Рагозина, коршиноси Анҷумани созмонҳои муҳоҷират мегӯяд, муҳоҷирон асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия маъмулан мардҳо буданд, ки ин ҳатто ба менталитети кишварҳои минтақа “зан бояд дар хона бимонад ва кӯдаконро тарбия кунад” рабт дошт . Аммо ин тамоюл тағйир карда, занон бештар ба муҳоҷират мераванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.