15.9 C
Dushanbe

Русия квотаҳои таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистонро бештар мекунад

Русия барои соли хониши 2022-2023 теъдоди ҷойҳои буҷавӣ дар донишгоҳҳои ин кишвар барои донишҷӯёни Тоҷикистонро бештар карданист.

Акс аз “Sputnik Тоҷикистон”

Иван Иванов, раиси намояндагии Агентии федералии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона(Россотрудничество) дар Русия дар суҳбат бо ТАСС гуфта, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар теъдоди ҷойҳои буҷавӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон барои солҳои 2022-2023 120 адад афзуда, он аз 630 ба 750 адад расид.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон, ки дар ояндаи наздик баргузор мешавад, масъалаи афзоиши шумори курсиҳо матраҳ мешавад. “Тоҷикистон аз рӯи анъана дар қатори панҷ кишвари аз ҳама бештар имтиёздор (аз рӯи миқдори квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия) ҷой гирифта, дар байни кишварҳои ИДМ мавқеи пешсафро ишғол мекунад”, – қайд кард роҳбари намояндагӣ.

Ба гуфтаи ин намояндаи Русия, қабул ба ординатура ва аспирантураи донишгоҳҳои Русия тибқи квотаҳои ҷудошуда дар шакли суҳбати рӯ ба рӯ сурат мегирад. Барои ин намояндагони 26 донишгоҳи Русия аз манотиқи мухталифи Русия ба Душанбе парвоз мекунанд. “Дар магистратура, ординатура ва аспирантура зиёда аз 1100 нафар довталабон ҳастанд”, – гуфт ӯ ва афзуд, ки аз ҳама бештар довталабон дар бахшҳои тиб, гуманитарӣ, ихтисосҳои техникӣ ва фарҳангӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, айни ҳол дар Русия ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад.

Вобаста ба кумаки Русия дар соҳаи маорифи Тоҷикистон чанд рӯзе пеш низ хабар дода шуда буд, ки ҷониби Русия барои таъмини ғизои гарм барои хонандагони мактабҳои Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо мекунад.

Гуфтанист, аз соли 2013 Русия барои иҷрои барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон дар чорчӯби Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ 82,1 миллион доллар кумак кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.