7.9 C
Dushanbe

Оғози мурофиаи додгоҳии Ораз Вазирбеков

Мурофиаи додгоҳии Ораз Вазирбеков рӯзи 28-уми октябри соли ҷорӣ, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова дар истинод ба манобеаш аз мақомоти интизомии кишвар хабар медиҳад, ки мурофиаи нахустини додгоҳии Ораз дар СИЗО-и КДАМ-и шаҳри Душанбе, ки ӯ аз замони боздошт дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, пушти дарҳои баста баргузор шуд.

Пайвандони Ораз Вазирбеков натавонистаанд, ки барои ӯ вакили дифоъ пайдо кунанд, аммо тафтишот барои ӯ ҳимоятгари ҳукуматӣ додааст.  

Ба навиштаи манбаъ Ораз Вазирбеков дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифтааст.

Расонаҳо ба ҷузъиёти бештари ин мурофиа дастрасӣ надоранд.

Мақомот ин фаъоли зодаи Бадахшонро бар асоси қисми дуи моддаи 307-и (тундгароӣ бо истифода аз Интернет) ва моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ) муттаҳам доранд.

Чанде пеш пайвандони Ораз Вазирбеков ба расонаҳо гуфта буданд, ки мақомот ба парвандаи ин фаъол иттиҳоми “азхудкунии маблағ”-ро илова кардаанд.

Мақомоти тафтишотӣ ӯро барои аз худ кардани пулҳое муттаҳам кардаанд, ки сокинони Бадахшон ба оилаҳои осебдидаи амалиёти соли 2012 аз хориҷ фиристода буданд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Вазирбеков дар Бадахшон мезист ва он замон раиси маҳаллаи “УПД” ё “Тирчид”-и шаҳри Хоруғ будааст ва воқеан, ӯ ҳамроҳи чеҳраҳои дигари бонуфузи шаҳр дар ҷамъоварӣ ва тақсими маблағ ба мардуми осебдида кумак мерасонд, “вале пули мардумро нагирифтааст”.

Пайвандонаш ӯро бегуноҳ медонанд ва аз илова шудани иттиҳоми нав дар парвандааш нигаронанд.

Мақомот то ҳол иловаи иттиҳоми нав ба парвандаи Оразро шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Ораз Вазирбеков ҳамроҳи фаъоли дигари зодаи Бадахшон Рамзӣ Вазирбеков аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.

Онҳо шаҳрвандии Русияро доранд ва пеш аз боздошташон ба мақомоти ин кишвар муроҷиат карда буданд, ки ҷони онҳо дар хатар аст ва эҳтимоли дуздидану ба Тоҷикистон бурданашон вуҷуд дорад.

Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ошкоро интиқод мекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.