28.9 C
Dushanbe

Сохти 400 бино ва иншооти нав ба Вазорати корҳои дохилӣ

Ҳукумати Тоҷикистон дар се даҳсолаи ахир барои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зиёда аз 400 бино ва иншооти нав сохта ва ба истифода додааст.

Имрӯз, 9-уми ноябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе як бинои қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилиро дар пойтахтро ба истифода дод.

Президенти Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи ин бинои нав дар рафти суханронии худ аз мақомоти кишвар таърифу тавсифҳои зиёде карда, афзуд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар “то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд.”

Вай дар ин суханрониаш аз шомилшавии бархе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ карда гуфт, “имрӯз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ, аз ҷумла дар самти ҷалби ҷавонон аз имконияту воситаҳои технологии пешрафта васеъ истифода мебаранд, ки ин масъала низ бояд дар маркази таваҷҷуҳ ва чораҷӯии роҳбарону масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта бошад.”

Инчунин таъкид кард, ки “муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумлаи хавфу хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон таҳдид менамояд.

Гуфта мешавад, ин нагирониҳои Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки бо чунин оҳанг садо медиҳанд, балки инҳо такрори гапҳои ӯ дар давоми наздик ба се даҳсола мебошанд.

Ба гуфтаи аксари коршиносон омили асосии ин гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сиёсатҳои ғалат, фишору таҳдид ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ ва мазҳабии мардум ва бахусус ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёдтар барои ҷавонон аст.

Ҳатто созмонҳои ҳуқуқи башарӣ низ борҳо дар гузоришҳои худ таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон бо баҳонаи “мубориза бо терроризм” фишорро болои равшанфикрон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва мазҳабиён аз ҳади зиёд кардааст.

Ва ахиран шоҳиди он будем, ки мақомоти кишвар рӯзноманигороне чун Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигаронро бо баҳонаҳои ҳамкорӣ бо гуруӯҳҳои мамнуъ ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд, ки ҳам худи онҳо ва ҳам наздиконашон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Аз сӯи дигар тибқи оморҳои ғайрирасмӣ аксари онҳое, ки бо хариду фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон даст доранд, ё корманди яке аз ниҳодҳои қудратӣ мебошанд ва ё як ҳамкор ва пуштибони қавие дар сафи мақомоти қудратӣ доранд ва дар ҳар ду сурат мушкили асосӣ бар мегардад ба интихоби кадрҳо ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои аз ҳад зиёд, ки дар ҳар ду ҳолат муқассир Ҳукумати Тоҷикистон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷиронро дар Сочи баррасӣ карданд

Дар нишасте миёни намояндагони Тоҷикистону Русия пешниҳод шуд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар ба Русия аввал аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.