Ҷабборов дар бораи марз гуфт, Раҳмонов хомӯш аст

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба фарқ аз раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъзе аз ҷузъиёти созишномаи марзии ду кишварро ошкор кард.

Ҷабборов рӯзи 13-уми декабр ба расонаҳо гуфт, ки бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар дар як баъзе ҳолатҳо табодули баробари заминҳо, яъне 50/50 сурат гирифтааст ва ҳуҷҷатгузорӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

“Пас аз анҷоми кори комиссияҳои байниҳукуматӣ, ҳуҷҷатҳоро вазирони корҳои хориҷӣ имзо мекунанд. Баъд аз он парлумонҳо онҳоро ба тасвиб мерасонанд ва дар ниҳоят президентҳо имзо мегузоранд. Ин имкон медиҳад, ки тамоми масъалаҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ ҳаллу фасл шаванд.”, — гуфт Ҷабборов.

Аммо Содир Ҷабборов аз ягон нуқтаи марзие ном нагирифт, ки ҷои ҳадсу гумонҳоро дар бораи баробар тақсим шудани нуқтаҳо боз мегузорад.

Инчунин ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки шаҳрвандон интизори изҳороти расмии ӯ ҳастанд, ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Қирғизистон дар суҳбаташ бо расонаҳо таъкид кардааст, нуқтаҳои гузаргоҳи марзӣ, ки се соли охир, аниқтараш соли 2021, баъд аз задухӯрди мусаллаҳона баста буданд, дубора фаъол хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, танзими марз дӯстии байни халқҳояро мустаҳкам намуда, сармоягузоронро ҷалб мекунад ва сатҳи зиндагии сокинони ин минтақаҳо беҳтар хоҳад шуд.

4-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Пас аз нишаст раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд ва он дар шакли созишномаи байнидавлатӣ барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод мегардад.

Аз ҷумла, Ятимов гуфтааст, ки музокироти муфассал сурат гирифт ва масъалаи аломатгузории марзи давлатӣ байни ду кишвар тақрибан ҳал шудааст. Инчунин ӯ таъкид кард, ки ба роҳбарони комиссия дар мавриди сиёсию ҳуқуқӣ “супоришҳои дахлдор дода шуд, ки ин масъаларо то охир кор карда ба анҷом расонанд”.

Қамчибек Тошиев низ зимин суханронияш ин лаҳзаро таърихӣ номида, гуфт, ки қадами боқимонда танҳо таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, қабули он аз тарафи порлумон ва имзои сарварони давлатҳост, ки дар чанд моҳи наздик марзи давлатӣ пурра муайян хоҳад шуд.

Ятимов ва Тошиев дар бораи он ки кадом қаламравҳо дар нуқтаҳои номуайян ба кадом кишвар мегузарад, чизе нагуфтанд.

Аммо Қамчибек Тошиев зимни суханронияш дар “Жогорку Кенеш” гуфта буд, ки дар бораи натиҷаҳои таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ дар миёна ё охири моҳи январи соли 2025 ҳисобот медиҳад. Вале маълум нест, ки Саймумин Ятимов кай ҳисоботи худро ба парлумони Тоҷикистон ва мардум пешниҳод мекунад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.