ҒУРБАТӢ ДАР “СИЗО” ҒОЛИБ ШУД…

“Сизои 1”- макони холӣ аз адолат…. аслан дар ин ранг зиндонҳо ва бо ин низоми аҳком ба чунин пиндоре, ки “дар ин ҷойгоҳ метавонад адолат бошад” зистан, ақлбохтагист.

“Сизои 1”-ро “додгоҳи ҷазо барои идаъои ҳуқуқ” номидан айни мудаост. Судяҳои “хушбор” дар ҳар ним соати инҷо як парвандаро метавонанд “гузаронанд”. Шояд аз ин ҳам қобилияти онҳо бештар бошад.

Онҳо рӯзи кории худро чунин самар доданд ва хоҳем дид бо ин қазоватҳои шарминашон дар гиребонашон медалҳое аз шоҳи истисмор “гул” хоҳад кард.

Ба чунин шева муҳокимаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ исботи бегуноҳии ӯст. Ғурбатиро дар муқовимат бо низоми додгустарӣ ва додхоҳӣ ғолиб меҳисобам.

Албатта…ҳанӯз

Ҳич кас аз мо надонем, ба ҷуз “унҳо” ва адвокати “гунг”, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ чӣ “гуноҳ” кардаст. Албатта инҳо ҳастанд, ки :

328/1: Истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, ҳамчунин таҳдиди несту нобуд кардани молу мулк нисбат ба намояндаи ҳокимият ё наздиконаш вобаста ба иҷрои вазифаашон

330/1: Таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё вобаста ба иҷрои онҳо,

307/3 Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

– Кирдорҳо агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад,

Нагӯед, ки фаҳмидед, шабеҳи ҳамун судяҳои фармонпазир ва созишкор хоҳед буд: надонанд кадом ҳукмро дар асоси чӣ ва барои чӣ бароварданд.

Аз “чиҳо” мегӯем, то ба “барои чӣ” посух ёбем?

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Rustami Joni

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.