Таҳдид: Пас аз Далеру Абдулло навбати Пирмуҳаммадзода аст?

Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мегӯяд, пас аз дарёфти таҳдидҳо ӯро тарсонда гуфтаанд, ки пас аз боздошт ва зиндонӣ кардани Далери Имомалӣ акнун навбати ӯст.

Имрӯз, 22-уми июни соли 2022, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик бо нашри наворе дар саҳфаи ютубиаш дар бораи таҳдидҳои ахир нисбат ба ӯ гуфт, “имрӯз тарс додаистодаанд, ки баъд аз Далер навбати ту аст, хомӯш бош!”

Ба гуфтаи вай, баъд аз боздошт ва тамошои охирин суҳбати Далери Имомалӣ, сахт аз “сохтор”, “бале балеҳо” ва “умедҳои бардурӯғ” дилмонда шудааст. Чун дар охирин мусоҳибае, ки рӯзноманигор Далери Имомалӣ дар шабакаи ютубии “SM Sharipov” дошт Далер “бо умед аз волоияти қонун” мегуфт.  

Дар ин навор, ки Пирмуҳаммадзода хеле зиқ менамуд ва мегӯяд, ӯ ва Далери Имомалӣ дар ягон баромадашон нагуфта буданд, ки як корманди ҳифзи ҳуқуқ метавонад ба ҷону саломатии як рӯзноманигор таҳдид кунад ва онҳо инро надида буданд.

Дар идома Пирмуҳаммадзода аз таҳидҳои болояш омада мегӯяд ва таъкид мекунад, ки “аз имрӯз эътиборан ман дигар намегӯям, ки таҳдид нашудаам ва намешавам. Чун аллакай таҳдид ба шикастан, рехтан ва таҳдид ба таҳхонае рафтан шудам ва мехоҳанд бо ин маро тарс диҳанд”. Аммо ин рӯзноманигори шинохта дақиқ намегӯяд аз тарафи кӣ ё кадом сохтор ӯ таҳдид шудааст.

Пирмуҳаммадзода таъкид мекунад, ки ҳар корере ки анҷом додааст барои ислоҳи камбудиҳои ҷомеа будааст то мардум рӯ ба беҳбудӣ оваранд.

Инчунин Пирмуҳаммадзода меафзояд, болои ин ҳама таҳдидҳо,”фейкҳо” низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ба таҳдид гузашта, мехоҳанд ӯро бо равона намудан ба зиндон ва шиканҷа кардан, тарсонанд, то аз ин корҳояш даст бардорад.  Аммо Пирмуҳаммадзода мегӯяд ягона чизе, ки ӯро аз корҳояш боз медорад, ин марг аст.  

Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, пештар дар Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик кор карда, пас аз ронда шудан аз ҷои кораш ба мусофиркашонӣ машғул аст.

Ёдовора мешавем, ки соли 2020 ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ аз набуди ҷои кор, шароити пасти зиндагӣ ва болои ин ҳама фишору ҷаримабандиҳои кормандони БДА дар роҳҳо шикоят карда буд, ки ин шикояти ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.  

Он замон вай дар муроҷиаташ ба Эмомалӣ Раҳмон, Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ хитоб намуда, гуфта буд, ки агар мардумро ба ҷои кор таъмин карда наметавонед, пас бигузоред ҳадди ақал худашон ризқашонро пайдо кунанду нони меёфтаашонро аз даҳонашон кашида нагиред.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...