Хабар УМУМӢ

Афзоиши интиқоли пул ба Тоҷикистон

Дар моҳҳои апрел, май ва июн аз Русия ба Тоҷикистон 400 миллион доллар интиқол шудааст. Акс: Интернет Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ дар муқоиса бо семоҳаи аввал қариб 30% афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 3 миллиарду 69 миллион долларро ташкил додааст. […]

Дар моҳҳои апрел, май ва июн аз Русия ба Тоҷикистон 400 миллион доллар интиқол шудааст.

Акс: Интернет

Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ дар муқоиса бо семоҳаи аввал қариб 30% афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 3 миллиарду 69 миллион долларро ташкил додааст.

Интиқоли пулии коргарон – 1,8 миллиард доллар, интиқол маблағҳо байни аъзои хонаводаҳо – ҳудуди 700 миллион доллар, музди меҳнати пардохтшуда – тақрибан 0,5 миллиард долларро дарбар мегирад.

Ҳаҷми бештари маблағҳо ба Ӯзбекистон – қариб 1,2 миллиард доллар, Қирғизистон – 0,6 миллиард доллар ва Тоҷикистон – 0,4 миллиард доллар интиқол дода шудааст.

Мавзӯъҳои марбут