Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамлаҳои хисоратбори худро ба пойтахти Яман ва атрофи он афзоиш додаанд. Акс: ИнтернетАкс аз Ройтерз, яке аз биноҳое, ки субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Бино ба иттилои Алҷазираи Қатар субҳи имрӯз ҷангандаҳои аморотӣ, ки зери чатри Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамлаҳои хисоратбори худро ба пойтахти Яман ва атрофи он афзоиш додаанд.
Акс: ИнтернетАкс аз Ройтерз, яке аз биноҳое, ки субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Бино ба иттилои Алҷазираи Қатар субҳи имрӯз ҷангандаҳои аморотӣ, ки зери чатри Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ амал мекунад, чанд нуқтаеро дар Санъо, пойтахти Яман ва бандари Алҳадида мавриди ҳамла қарор додаанд.
Мақомоти Яман ба гуфтаи хабаргузории “Форс” то кунун дар бораи талофоти ҷонӣ бар асари ин ҳамлаҳо гузорише надодаанд, аммо дар аксу наворҳои нашр шуда дида мешавад, ки тахриби бино ва хисороти молӣ ва моддӣ ҳам дар пай доштаанд.
Аз сӯи дигар ба қавли шабакаи “Аларабия“ ҷангандаҳо “дар бандари Алҳадида як махзани аслиҳаро, ки зери пӯшиши фаъолиятҳои тиҷоратӣ амал мекард ва аз он ҷо ба дигар манотиқи даргир интиқол мешуданд”, мавриди ҳадаф қарор дода, онҳоро аз байн бурдааст.
Пеш аз ин Яҳё Сареъ, сухангӯи низомии Ансоруллоҳи Яман ҳам пас аз ҳамлаҳои 17-уми январ таҳдид карда буд, ки ин як ҳушдор ва оғози кор аст ва агар Аморот ба ҳамлаҳояш идома диҳанд, зарбаҳои сангинтаре ба он зада хоҳад шуд.
Ҳамлаҳои ахири Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ба Яман пас аз 17-уми январи соли ҷорӣ шиддат гирифт. Он ҳам замоне, ки пас аз ҳушдорҳо, таҳдидҳо ва ҳамла кардани нерӯҳои Ансоруллоҳ ба фурӯдгоҳҳои байналмилалии Дубай ва Абузабӣ дар чанд нуктаи ҳассоси дигар, ки тибқи иттилооти расмӣ 3 кушта ва 6 захмӣ ҳам дар пай дошатанд.
Шиддати таъсири ҳамлаҳои Ансоруллоҳи Яман ба Амороти Муттаҳидаи Араб натанҳо падофандҳои зиддиҳовои он кишварро зери суол бурд, балки ҳампаймонони онро ба навъе дар ҳолати ногувор қарор додааст. Мақомоти Амрико ҳам эълон кардаанд, ки бо гузашти беш аз 48 соат то кунун маълум накардаанд, ки аз чӣ силлоҳҳое Ҳусиҳо дар ин ҳамлаҳои худ истифода кардаанд.
Ҳамзамон Ҷо Бойдан президенти Амрико эълон карда, ки бо дархости Амороти Муттаҳидаи Араб парвандаи Ансоруллоҳи Яманро ба хотири ворид кардани исми он ба феҳристи созмонҳои террористӣ дубора мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ аз марти соли 2015 бо дархости Абдулмансур Раббиҳи Ҳодӣ, президенти фирории Яман аз Санъо ба Риёз, пойтахти Саудӣ шакл гирифтааст ва ба хотири наҷот ва дубора Ҳодиро ба сари қудрат овардан 7 сол боз бо ҷамоати Ансоруллоҳи мансуб ба Ҳусиҳои Яман, қи қудратро дар даст дорад, меҷанганд ва ҳосили он ба гуфати ББС беш аз 100 ҳазор кушта, садҳо ҳазор маҷрӯҳ ва миллионҳо каси дигар фирорӣ шудан будааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.