Афзоиши савдои хориҷии Тоҷикистону Туркия

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар Анқара бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон мулоқот кард.

Акс аз “tccb.gov.tr”

Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, рӯзи 13-уми октябр ин дидор дар Қасри Президент, Қасри Чанкая дар Анқара 40 дақиқа давом кардааст. Аммо расонаҳои туркӣ аз ҷузъиёти ин вохурӣ чизе нашр накардаанд.

Ҳамзамон АМИТ “Ховар” гузориш дода, ки дар мулоқот масоили иқтисоду тиҷорат, нақлиёту энергетика ва дигар масоил баррасӣ шуд.

Зокирзода афзуда, ки Тоҷикистон кившари Туркияро шарики боэътимоди худ медонад. Инчунин вай дар ин мулоқот бо раисҷумҳури Туркия гуфта, ки ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро тақрибан 70 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳанд.

Гуфтанист, “дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 186,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба шашмоҳаи  соли гузашта 27,6 млн. доллари ИМА зиёд гардидааст”.

Дар мулоқот таъкид шуда, ки дар оянда ба 1 миллиард доллар расонидани гардиши солона дар назар гирифта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.