6.9 C
Dushanbe

Сомонаи хабарии “Ахбор” фаъолияташро қатъ кард

Имрӯз 13 ноябри соли 2020 пойгоҳи хабаррасонии тоҷикии “Akhbor.com” бо пахши як изҳорот аз қатъи фаъолияташ хабар дод.

Дар хабар омада, ки аз сабаби он ки Додгоҳи олии кишвар сомонаро ба рӯйхатти сомонаҳои мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ворид кард ва ин боиси эҷоди мушкилоти қонунии дар фаъолияти ин пойгоҳ шуд, ки маҷбур шуд ба қатъи фаъолияташ иқдом кунад.  

Сомонаи “Ахбор” менависад, ки “азбаски як расонаи комил наметавонад дар чунин шароити маҳдуд ва пур аз мониа фаъолияти комили худро ба роҳ биандозад, мо маҷбур шудем, ки ба қатъи фаъолияти “Ахбор” иқдом кунем”.

МАТНИ КОМИЛИ ИЗҲОРОТИ “АХБОР”

Имрӯз солгарди чоруми таъсиси сомонаи “Ахбор” аст ва дар ин рӯз идораи сомонаи “Ахбор” тасмим гирифт, ки фаъолияташро қатъ кунад.

Мутаассифона, қарори беасоси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2020, ки бар асоси дархости низ беасоси Додситонии кул сомонаи “Ахбор”-ро ба рӯйхатти сомонаҳои мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ворид кард, дар фаъолияти сомона мушкилоти зиёди ҳуқуқиро ба бор овард.

Бар асоси ин қарори беасос, мутаассифона, хабарнигорон наметавонанд ба таври озодона ва бо зикри ном ба “Ахбор” гузориш фиристанд, коршиносон ба мо озодона изҳори назар кунанд ва ҳамин тавр, мақомоти расмии Тоҷикистон низ ҳаққи озодона бо “Ахбор” суҳбат кардан ва посух додан ба пурсишҳои моро надоранд, чунки онҳоро метавонанд ба ҳамкорӣ бо нашрияи мамнӯъ гунаҳкор кунанд.

Ин, албатта, хандаовар аст, вале тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҳатто хонандагонро ҳам метавонанд барои “лайк” гузоштан ё ягон шарҳ навиштан зери матлабҳои “Ахбор” ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Идораи сомонаи “Ахбор” қарори Додгоҳи олиро як қарори беасос ва ғайриқонунӣ мешуморад ва ба ҳамин мавқеаш устувор боқӣ мемонад, вале мутаассифона, дар Тоҷикистон низоми додгоҳии мустақил вуҷуд надорад, ки мо битавонем аз ҳаққи қонунии худ дар муқобили ин беқонунӣ ҳимоят кунем.

Ва азбаски як расонаи комил наметавонад дар чунин шароити маҳдуд ва пур аз мониа фаъолияти комили худро ба роҳ биандозад, мо маҷбур шудем, ки ба қатъи фаъолияти “Ахбор” иқдом кунем.

Шояд ба ҷои “Ахбор” ба зудӣ аз сифр як сомонаи нав ба роҳ биандозем ва бо таҷрибае ки дар ин 4 соли фаъолияти “Ахбор” андӯхтем, кӯшиш кунем, ки барои ҷиноҳи саркӯбгар дар батни мақомоти Тоҷикистон ин бор баҳонае барои дигарбора масдуд кардани дастрасӣ ба ин сомонаи навро надиҳем.

Сомонаи наве, ки нақшаи сохтанаш дар дастамон аст, низ як сомонаи мустақил, беғараз ва бетараф хоҳад шуд ва кӯшиш хоҳем кард, то хабару таҳаввулоти Тоҷикистонро аз ҳамин се мавқеи мустақилият, беғаразӣ ва бетарафӣ пайгирӣ кунем.

Камоли ифтихор ва болидагии мост, ки сомонаи “Ахбор” дар ин 4 соли вуҷудаш тавонист ба яке аз пойгоҳҳои умда ва муҳими хабарии Тоҷикистон табдил биёбад. Пойгоҳе, ки ин ҳама муддат мардумро бо ахбори алтернативӣ ва бетарафи мустақил таъмин мекард.

Мояи ифтихори мо ин ҳам ҳаст, ки сомонаи “Ахбор” дар айни авҷи шуҳрату маҳбубияташ, дар ҳоле ки шумораи хонандагонаш рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст, тарки майдон мекунад. Барои ин ба якояки хонандагони азизу содиқи “Ахбор”, ки тӯли ин 4 сол бо буданд ва моро бо ҳамроҳии худ ташвиқ мекарданд, изҳори сипос мекунем!

Моро на ягон буҳрон, ё камбуди мавзӯъ ва хонанда, балки як ҳукми беасос маҷбур ба тарки майдон кард. Вале мо ҳатман бармегардем! Бо фикру идеяҳои тоза ва бо як сомонаи нав!

Бори дигар ҳазорон сипос аз якояки Шумо барои ихлос ва муҳаббате, ки тӯли ин 4 сол ба сомонаи “Ахбор” намоиш додед ва дар рӯзҳои чӣ шодиву чӣ ғам бо мо будед!

Бо эҳтиром ва ихлоси тамом,

Сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.