Аламшозода аз мухолифон хост бо хоҳиши худ ба кишвар баргарданд

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз мухолифони ҳукумат даъват кард, ки ба Ватан баргарданд.

Аламшозода (Бузмаков) дар муроҷиати худ ба пайвандони нафароне, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранду ба гуфтаи мақомот, узви “гурӯҳҳои ифротӣ” шудаанд ва ё дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок кардаанд, метавонанд бо хоҳиши худ ба кишвар баргарданд ва озодона зиндагии худро идома диҳанд.

Ин муроҷиати Аламшозода, имрӯз, 8-уми август зимни нишастӣ матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар он худи вазир Рамазон Раҳимзода ҳузур надошт, садо дод.

Ба иддаои муовини вазири корҳои дохилии кишвар, ба моддаҳои 307 ва 401-и Кодексии ҷиноӣ эзоҳ ворид карда шудаааст, ки “агар шахсе дар давлатҳои ҷангзада дар амалиётҳои мусаллаҳона иштирок намуда, инчунин аъзои дигари гурӯҳҳои террористӣ бошанд ва дар ҳаракатҳояшон дигар таркиби ҷиноят дида нашавад, аз кардаи худ сидқан пушаймон шаванд ва ихтиёран ба Ватан баргарданд, аз ҷавобгарӣ озод мешаванд”.

Дар идома ӯ таъкид кард, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 226 узви гуруҳҳои терористиву экстремистиро дастгир намуда, инчунин 220 нафари дигарро дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ихтиёри худ аз хориҷ ба кишвар баргардондаанд ва аз ҷавобгарӣ озод кардаанд.

Аламшозода иддао кард, ки дар умум 1589 нафар бо ин роҳ ва бо ихтиёри худ ба кишвар баргаштаанд.

Муовини вазир аз нафарон ё гурӯҳҳои хос ном набурд, аммо дар аксар ҳолат мақомот гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гуфта, ҳизбу ҳаракатҳои мухолифини ҳукуматро дар назар доранд.

Дар идома ӯ гуфт, дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ 1 ҳазору 381 нафар, ки барои ҷиноятҳои гуногун дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданд, дастгир шуда, тавассути “Интерпол” 44 нафар, ки дар хориҷи кишвар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданд, дастгир гардидаанд.

Аламшода бе овардани ном гуфт, 22 нафари онҳо аллакай ба Тоҷикистон истирдод шудаанд ва 22 нафари дигар дар ҳоли истирдод қарор доранд.

Ҳамчунин ӯ гуфт, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ, 95 ҳолати маблағгузорӣ ба терроризм ба қайд гирифта шуда, 43 ҳолати он ошкор ва 39 нафар дастгир гардидаанд ва ҳаҷми умумии маблағгузорӣ беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Муовини вазир дар ин нишаст аз ошкор намудани 10 гурӯҳи ҷиноии созмонёфта дар ҳайати 53 нафар барои иҷрои 19 амали ҷиноятӣ хабар дод.

Инчунин ӯ гуфт, ки дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 3 амали террористӣ ва 2 ҳолати сӯиқасд ба терроризм ошкор ва 582 ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба иддаои муовини вазир, амалҳои террористӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ пешгирӣ гардидаанд.

Абдураҳмон Аламшозода тафсилоти ошкор ва пешгирӣ шудани амалҳои террористиро ифшо накард ва нагуфт дар робита ба ин амалҳои террористии ошкору пешгиришуда чанд нафар боздошт гардидааст.

Аммо ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки танҳо дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ 27 нафарро барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир карда, 4 нафари дигарро дар хориҷи кишвар дар кофтукоб қарор додаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

321 миллиард рубл даромади Русия аз муҳоҷирон

Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.

Расонаи нави “Tajikistan Newsroom” ба забони англисӣ ба кор оғоз кард

Ҳамзамон бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, платформаи нави хабарии англисизабон бо номи "Tajikistan Newsroom" фаъолияти худро оғоз кард.

Тағйирёбӣ обуҳаво: хокбориш дар роҳ аст

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон тағйири ҳаво дар назар аст ва кишвар боз бо мушкили гарду ғубор рӯ ба рӯ мешавад.

Афзоиши даргириҳо дар Яман: ҷанг ба марҳилаи нав ворид шуд

Дар Яман аз оғози моҳи сентябр даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷамоати Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) дар чанд вилояти ин кишвар шиддат гирифтааст.