Ҷамъияти Афғонистон ба 36 миллион нафар наздик мешавад

Мақомоти омори Толибон мегӯянд, ки теъдоди нуфуси сокинони Афғонистон ба 36 миллион нарафар наздик мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, 7-уми августи соли 2024, Исматуллоҳ Ҳакимӣ, муовини идораи миллии омори Афғонистон дар ҳукумати Толибон ба расонаҳо гуфтааст, ки теъдоди сокинони ин кишвар ба 35 миллиону 800 ҳазор нафар расидааст.

Ба қавли манбаъ, аз ин ҳисоб, 1,5 миллон нафар сокинони ин кишварро кӯчиҳо ташкил медиҳанд, 9,2 миллион нафар ҳам дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд ва боқӣ 25 миллион нафари дигар деҳнишин буда, дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд.

Исматуллоҳ Ҳакимӣ, муовини идораи миллии омори Афғонистон, ки дар бораи кори як соли ахири ин ниҳод гузориш медод, гуфтааст, ки “аз ин теъдод 18,2 миллион нафар мард ва боқӣ 17,6 миллион нафар ҳам зан мебошанд.

Толибон, ки Афғонистон зери парчами Иморати исломӣ фаъолиятҳои худро идома медиҳанд, баъд аз 20 соли ҷанг бо нерӯҳои хориҷӣ таҳти раҳбарии Амрико ва НАТОН 15-уми августи соли 2021 дубора дар Афғонистон ба қудрат расиданд. Бо гузашти се сол ҳеч кишваре дар дунё ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Аммо тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва аз ҷумла ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон бо онҳо робитаҳои дипломатӣ, сиёсӣ ва тиҷоратии густурдае барқарор кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.