9.9 C
Dushanbe

Задухӯрд дар марзи Тоҷикистон, чанд кушта ва захмӣ баҷо гузошт

Шоми дирӯз ба дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, воқеъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар натиҷаи ин ҳамлаи мусаллаҳона як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомоти маҳаллӣ ин ҳодисаро рӯзи 18-уми ноябр тасдиқ карданд, вале ҷузъиёти бештар надоданд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеи огоҳи худ гуфтааст, ки ҳамла шаби 17 ба 18-уми ноябр аз тарафи шахсони мусаллаҳ ва эҳтимолан аз он сӯи марз сурат гирифтааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамла аз сӯи қочоқчиёни маводи мухаддир ё гурӯҳҳои ҷангҷӯ анҷом шудааст.

Аз панҷ нафари захмишуда, чаҳор нафар шаҳрвандони Чин ва як нафар сокини маҳаллӣ будаанд. Онҳо ҷароҳат бардошта, ба бемористони Кӯлоб интиқол ёфтаанд. Манбаъҳо ҳузури шаҳрвандони Чинро ба фаъолияти як корхонаи тилло дар минтақа рабт доданд, ки дар ҳоли иктишофи канданиҳои фоиданок буданд.

Аммо, як манбаъ аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба шарти зикр накардани номаш гуфта, ки фарзияи ҳамла аз хориҷ ба сӯи шаҳрвандони чинӣ дар хоки Тоҷикистон хеле заиф аст. Зеро агар ин ҳамла аз хориҷ сурат мегирифт, мақомот ва бахусус Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дарҳол ин хабарро расонаӣ мекард ва тафсилоти онро ба мардум пешниҳод мекард.

Ба қавли ӯ, “дар ҷое, ки ин ҳамла сурат гирифтааст, бархурди манфиатҳо солҳо боз идома дорад. Он ҷо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар чандин мавзеъ конҳои тиллову нуқра ва дигар канданиҳои фоиданок вуҷуд дорад. Даҳҳо нафар аз тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ низ барои соҳиб шудан ба он конҳо фурсатшуморӣ мекунанд. Аммо чун диданд, ки ин дафъа ҳам ҳукумат боз як кони дигарро дар ихтиёри чиниҳо қарор дод, ба эҳтимоли зиёд худи ҳамон фурсатталбҳо чунин ҳамлаеро ташкил карданд, ва ин як навъ вокуниш алайҳи қарори ҳукумат буд”.

Ин нахустин ҳолатест, ки дар натиҷаи ҳамла дар марз як шаҳрванди Чин ҷони худро аз даст медиҳад. Сарҳади Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон, ки беш аз сад километр тӯл дорад, аз қитъаҳои душвори назорати сарҳадии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Гуфта мешавад, чунин таҳдидҳои амниятӣ дар марз бо Афғонистон боиси нигаронии доимии мақомоти Тоҷикистон шудааст, ки борҳо аз убури қочоқчиён ва гурӯҳҳои мусаллаҳ хабар додаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷоизаи байналмилалии Манучеҳр Холиқназаров

Ҳуқуқшиноси шинохтаи зодаи Бадахшон ва зиндонии сиёсӣ Манучеҳр Холиқназаров барандаи ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс гашт.

Талаби созмонҳо барои озодии фаврии Эргашев

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз Олмон талаб доранд, ки барои озодии ҷавони тоҷик Дилмурод Эргашев болои мақомоти Тоҷикистон фишор оранд.

Таҳдидҳои нав аз он сӯи марзҳо

Таҳдидҳои нави силоҳбадастони тоҷик дар он сӯи марзҳо вокунишҳои ҷиддиеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст.

“Касе гапи маро гӯш намекунад”. Додхоҳии як зани афғон аз мақомоти тоҷик

Як зани 24-солаи шаҳрванди Афғонистон, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, аз мақомоти қудратии кишвар кумак хостааст.