Амрико: Тоҷикистон барои поён додани ҷанг дар канори Украина биистад

Амрико аз Тоҷикистон хостааст, ки дар ин рӯзҳои сахт дар канори Украина истода аз Русия дархост кунад, ки ҷангро поён диҳад.

22-юми марти соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Амрико хонум Узра Зея дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон мулоқот намуд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Амрико дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор шуд.

Хонум Узра Зея дар бораи ин мулоқоташ бо Сироҷиддин Муҳриддин дар сафҳаи Тввитриаш хабар дода гуфтааст: Ман аз вохӯрӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хушҳол шудам.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Амрико меафзояд: “Ман бесаброна умедворам, ки бо Тоҷикистон ва кишварҳои С5+1 (Панҷгонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бар иловаи Амрико) барои пешбурди ҳуқуқи инсон ва ҷилавгирӣ аз фасод ҳамкорӣ кунам.”

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар бораи ин вохӯрӣ хабар дода гуфтааст: “Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд. Зимнан аҳаммияти фаъолияти сиғаи С5+1 ва тавсеаи ҳамкориҳои тарафайн дар доираи ин платформа таъкид гардид.”

Гуфтанист, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба баҳс ва гуфтугӯи ҷонибҳо дар бораи ҳамлаҳои Русия ба Украина ва шиддат ёфтани ҷанг ва талафоти инсонӣ ҳеч чизе нагуфтааст.

Аммо хонум Узра Зея, муовини Вазири корҳои хориҷии Амрико навиштааст, ки бо Сироҷиддин Муҳриддин дар мавриди “зарурати истодан дар канори Украинаи соҳибистиқлол таъкид карда, аз Русия даъват кардааст, ки ин ҷангро хотима диҳад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.