Ҷамъе аз шахсиятҳои саршинос дар ҳукумати қаблии президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо судури эъломияе аз барқарории давлати пешин, Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон хабар доданд. Акс: Интернет Ин Эъломия, ки ҳоло нусхаҳои форсӣ, англисӣ ва баргардони он бо хатти сирилик дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст, аз 18 банд иборат буда, срапарасти ҷумҳурии исломӣ муовини аввали раёсатиҷумҳури […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Ҷамъе аз шахсиятҳои саршинос дар ҳукумати қаблии президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо судури эъломияе аз барқарории давлати пешин, Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон хабар доданд.
Акс: Интернет
Ин Эъломия, ки ҳолонусхаҳои форсӣ, англисӣ ва баргардони он бо хатти сирилик дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст, аз 18 банд иборат буда, срапарасти ҷумҳурии исломӣ муовини аввали раёсатиҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ муаррифӣ шудааст.
Дар банди аввали ин эъломия гуфта мешавад, ки “Давлати ҶИА ягона марҷаъи машрӯъи низоми сиёсии Афғонистон буда, ки мубтанӣ бар интихобот ва орои мардум ташкил гардидааст. Ҳеҷ низом ва ҳокимияти дигаре наметавонад бар хилофи моддаҳои Қонуни Асосӣ ҷойгузини низоми мавҷуда гардад”.
Гуфта шуда, ки тамоми тасмимҳо дар эъломия баъд аз машвара ва ройзанӣ бо бузургон, сиёсиюн ва ақшори мухталифи ҷомеа, ҷамъе аз занон ва мардон гирифта шуда аст. Аз шумули ин тасмимҳо дубора инсиҷоми аркони сегонаи давлат, ташкили Шӯрои олии давлат дар зудтарин фурсат, риояти Қонуни Асосӣ, побандӣ ба муоҳидот, мисоқҳо ва тамоми конвенсиюнҳои байнулмилалӣ, ки Афғонистон пештар ба он мулҳақ гардида, ва баҷомондани парчами серанги кишвар аст.
Ҳамчунин давлати барқароршудаи ҶИА аз тамоми кишварҳо талаб дорад, то равобити худро мисли пеш бо ҶИА ҳифз намуда, аз ҳар гуна машрӯъият бахшидан ба гурӯҳи “Толибон”, худдорӣ намоянд.
“Аз Созмони милали муттаҳид ва Шӯрои амнияти он созмон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тақозо дорем, то бар ҳомиёни гурӯҳи “Толибон” барои поёни ишғоли ғайриқонунии ин гурӯҳ фишор ворид намоянд то аз тариқи гуфтугӯҳои созанда ва содиқона бо ҷониби ҶИА заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар фароҳам гардад”.
ҶИА мегӯяд, ки аз муқовамати миллӣ ки раҳбариашро Аҳмад Масъуд бар уҳда дорад аланан ҳимоят менамояд ва дар сурати бунбасти музокироти сулҳ аз тамоми мардуми Афғонистон тақозо карда то бо Ҷабҳаи муқовамат пайваста, алайҳи ишғол ба муборизоти худ идома диҳанд.
“Агар “Толибон” ба хости мардуми Афғонистон ва ҷомиаи байнулмилалӣ барои сулҳи пойдор, риояти ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мубориза бо терроризм посухи мусбат надиҳанд, давлати ҶИА бо иродаи комил ва ваҳдати миллӣ ба ҳимояти худ аз муқовимати миллии мардуми Афғонистон идома хоҳад дод”.
Ҳамазмон ҶИА аз тамоми аъзои аршади ҳукумат ва Шӯрои миллӣ тақозо карда то даври ҳам ҷамъ шуда, фаъолиятҳои идорӣ ва сиёсии худро аз сар гиранд.
“ Макон ва маҳалли фаъолияти ҳукумат ва Шӯрои миллӣ ба зудӣ аз тариқ Шӯрои олии давлат ва меҳвари муқовамат эълом мегардад”.
ҶИА гуфта, ки неруҳои амниятӣ ва дифоъии кишвар, ба зудӣ фаро хонда мешаванд ва сармояҳои миллӣ ва шахсии мардум, ки ба яғмо рафтааст, мавриди арзёбӣ қарор мегирад ва ба ҳамкории ҷомеаи байнулмилалӣ ба ва баргардонидани онҳо иқдомоти лозим сурат хоҳад гирифт. Ҳама намояндагиҳои сиёсӣ ва генералконсулгариҳои ҶИА умуроти кории хешро ба таври маъмулӣ пеш мебаранд.
ҶИА дар охир аз кишварҳоие, ки дар ин рӯзҳо ба мардуми Афғонистон кӯмак карда ташаккур карда аст ва аз кившарҳои ҷаҳон барои ҳимоят аз оворагони дохилӣ ва хориҷӣ, ки бар асари ишғоли “Толибон” бесарпаноҳ шудаанд, тақозои кӯмак ва ҳамкорӣ карда аст.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.