Амволи пойгоҳи 201-и Русия дар Кӯлоб ба Тоҷикистон дода мешавад

Амволи пойгоҳи низомии 201-уи Русия дар шаҳри Кӯлоб ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон вогузор мешавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 15-уми декабри соли ҷорӣ протоколи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар бораи ба Тоҷикистон додани амволи ғайриманқули воҳидҳои ҳарбии ин пойгоҳро ба тасвиб расонданд.

Муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода зимни шарҳи ин санад қайд кард, ки молу мулки ғайриманқул аз бинову иншоотҳои гуногун, аз ҷумла хобгоҳҳои афсарону сарбозон, хонаҳои истиқоматӣ, амборҳои нигоҳдории маводҳои ақибгоҳӣ, нуқтаи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, қитъаҳои замин ва дигар инфросохтори дахлдори ҳарбӣ иборат мебошанд.

Ба гуфтаи муовини вазир, барои қабул ва интиқоли ин амвол як комиссияи муштарак таъсис дода шуда, макони собиқи низомиёни Русия дар Кӯлоб барои ҷойгиркунии қисму воҳидҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон  истифода хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Русия соли 2015 пойгоҳашро аз шаҳри Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонд.

Пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар хориҷ аз кишвар ба шумор меравад. Бино ба баъзе маълумот то 7 ҳазор афсару сарбоз дар ин пойгоҳ адои хидмат мекунанд ва тибқи тавофуқоти Душанбеву Маскав то соли 2042 дар хоки кишвар бидуни пардохти молиёт боқӣ хоҳад монд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.