9.9 C
Dushanbe

Ҷавони тоҷик аз Австрия истирдод ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

Тоҷикистон як сокини ноҳияи Шаҳритӯсро, ки аз Австрия истирдод шуда буд, ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар ин бора “Asia-Plus” дар истинод ба ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон Варқа Зайниддин хабар медиҳад.

Бино ба навиштаи манбаъ, Додгоҳи ноҳияи Шаҳритӯс Фаррух Зоирови 30-соларо барои кӯшиши пайвастан ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” ва иштирок дар ҷангҳои Сурия бо қисми 3 моддаи 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва моддаи 401(1) (ҷалб ва иштирок дар ҷангҳо дар ҳудуди давлатҳои дигар)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор донистааст.

Ба иддаои мақомот, Фаррух соли 2014 дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Маскав қарор дошта, бо нафаре бо номи Ҳусейн Содиқов, узви ДИИШ якҷо зиндагӣ мекардааст. Гӯё Содиқов ба ӯ тавсия додааст, ки барои иштирок дар ҷангҳо ба Сурия тавассути Туркия равад. Аммо ҳангоми убури марз, Фаррухро мақомоти Туркия дастгир ва аз кишвар хориҷ карданд.

Баъди ин Фаррух Зоиров аввал ба Украина ва сипас ба Австрия меравад ва октябри соли 2024, мақомоти Австрия ӯро барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Худи Ҳусейн Содиқов қаблан дастгир шуда, моҳи майи соли 2017 дар Тоҷикистон ба 18 соли зиндон маҳкум гардидааст.

То ҳол назари Фаррух Зоиров ва пайвандону вакили дифоаш дар бораи иттиҳоми мақомот дастрас нест.

Пештар аз ин расонаҳо аз 14 сол ҳукми зиндони Алишер Махсудови 22-сола хабар дода буданд. Гуфта мешуд, мақомот бо ваъдаи бахшиши гуноҳ аз хориҷи кишвар ӯро даъват намуданд, вале баъдтар бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор ва равонаи зиндонаш карданд.

Мақомот ин ҷавони тоҷикро низ ба гуноҳи ширкат дар ҷанги Сурия ва узвият дар созмони мамнуи “Салафият” айбдор кардаанд.

Пайвандонаш иттиҳоми мақомотро рад карда, мегӯянд, ки Алишер ҳеҷ гоҳ ба Сурия нарафатааст ва солеро, ки мақомот чун дар Сурия будани ӯ ишора кардаанд, дар Тоҷикистон зистааст.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Махсудов дар ибтидо ба Русия рафта, аз он ҷо соли 2021 ба Лаҳистон, баъдан ба Олмон рафт. Вақте дархости паноҳандагиаш пазируфта нашуд, ба Тоҷикистон баргашт ва аз он ҷо боз ба Русия рафта, ба Тошканд сафар кардааст. Мақомот ӯро бо ваъдаи афв фиреб дода, ба Тоҷикистон бурданд ва зиндонӣ кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Занони ҷавони тоҷикро ба Русия барои танфурӯшӣ ҷалб мекард

Як зани 45-солаи тоҷик бо иттиҳоми фиреби ҷавондухтарон бо ваъдаи касби пул ва даъвати онҳо ба Русия барои танфурӯшӣ боздошт шуд.

Тағйироту ҷойивазкунии мақомдорон ва ғиёби Ятимов

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар вазорату идораҳои сохторҳои қудратӣ тағйирот анҷом дод.

Вазъи вахими Хушом Ғулом дар зиндон

Вазъи саломатии блогер ва зиндонии сиёсӣ Хушом Ғулом (Хушрӯз Ҷумъаев) дар маҳбас бад шуда, ба ҷарроҳӣ ниёз дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони 5 нафарро гирифт

Рӯзи гузашта дар пайи як ҳодисаи нохуши бархурди мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 нафар ҷон бохтанд.