18.9 C
Dushanbe

Аврупо дар Тоҷикистон 3 млн евро маблағгузорӣ мекунад

Намояндагии Иттиҳидои Аврупо дар Тоҷикистон як паноҳгоҳ ва чанд иншоот барои истифода дар ҳолатҳои фавқулода месозад.

Барои татбиқи ин лоиҳа байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо 10-уми марти соли ҷорӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре КҲФ хабар медиҳад, аввали ҳафтаи ҷорӣ мулоқоти раиси КҲФ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамроҳ бо раҳбари Агентии Оқохон оид ба макони зист Умед Қаландаров ва раиси намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис дар бинои Дастгоҳи марказии кумита сурат гирифт ва дар поёни мулоқот бо ҳадафи “таҳқими субот дар минтақаҳои наздимарзӣ” санади мазкур имзо гардид.

Тибқи санади ба имзорасида, Иттиҳодияи Аврупо уҳдадор гашта, ки бунёди як паноҳгоҳ ва ду майдончаи варзиширо, ки маблағи он 3 миллион евроро дар бар мегирад, маблағгузорӣ кунад.

Ҳадаф аз бунёди чунин иншоот дар минтақаҳои наздимарзӣ, “истифодаи онҳо дар ҳолатҳои сар задани офатҳои табиӣ ё ҷой додани гурезаҳо дар дигар ҳолатҳои изтирорӣ” гуфта мешавад.

Дар гузориши КҲФ қайд гардида, ки “Бунёди чунин паноҳгоҳҳо дар минтақаи вилояти Суғд имкон медиҳад, ки ҳангоми зарурат, саривақт ва ба таври фаврӣ эътинонамоӣ карда, раванди корҳои бартарафсозӣ ва расонидани кумакҳои ниёзи аввалия ба аҳолии зарардида ва ҳатто барои гурезагони эҳтимолӣ низ мусоидат хоҳад кард.”

Ҳамчунин дар гузориш гуфта шуда, ки ба далели мавҷуд будани инфрасохторҳои лозима дар кишвар бунёди чунин иншоот мумкин гардидааст. Аммо макон ва санаи дақиқи анҷоми ин лоиҳа нашр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи равобити иқтисодии Туркия бо Исроил

Туркия фазои ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Исроил баста, равобити иқтисодиро бо ин кишвар қатъ мекунад.

“Роғун” бо чӣ миқдор пул ва кай сохта мешавад?

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфт, ки Тоҷикистон то моҳи августи соли 2027 пурра ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Дар Русия телеграм-бот бо номи “Стоп мигрант” фаъол шуд

Дар Думаи давлатии Русия барои маҳдуд сохтани фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар телеграм-боти "Стоп мигрант" фаъол шуд.

Генералҳои Тоҷикистон чӣ корнамоӣ кардаанд?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ба чанде аз мақомдорони низомияш рутбаҳои генерлӣ дод.