Аввалин киштии ҳомили гандум аз Украинӣ ба роҳ баромад
Субҳи 1-уми августи соли ҷорӣ аввалин киштии ҳомили гандум аз Украина барои фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ ба роҳ баромад. Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи “LIGA.net” Тавре расонаҳо хабар додаданд, дирӯз аввалин киштӣ украинӣ бо 26 хазор тонна ғалладона аз бандари Одесса ба роҳ баромад. Аз охири моҳи феврали соли ҷорӣ бандарҳои Украина аз ҷониби Русия муҳосира […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Субҳи 1-уми августи соли ҷорӣ аввалин киштии ҳомили гандум аз Украина барои фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ ба роҳ баромад.
Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи “LIGA.net”
Тавре расонаҳо хабар додаданд, дирӯз аввалин киштӣ украинӣ бо 26 хазор тонна ғалладона аз бандари Одесса ба роҳ баромад. Аз охири моҳи феврали соли ҷорӣ бандарҳои Украина аз ҷониби Русия муҳосира шуда буд ва Украина наметавонист ҳосилоти зироатии худро ба бозори ҷаҳонӣ барорад.
Бо миёнҷигарии Туркия ва Созмони Миллали Муттаҳид байни Русия ва Украина тавофуқе ҳосил шуд, ки тибқи он Украина метавонад ғалладонагиҳои худро тариқи бандарҳои муҳосирашуда аз ҷониби Русия ба бозори ҷаҳонӣ барорад.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз ин тавофуқ истиқбол карда ва аз нақшаи асосии Туркия дар ба даст омадани чунин тавофуқот қадрдонӣ кард.