4.9 C
Dushanbe

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад дар моҳи декабри гузашта дар аввалин сафари худ ба кишвари ғарбӣ вориди Фаронса шуд.

Раисҷумҳури Сурияро рӯзи чоршанбе, 7-уми май ҳамтои фаронсаияш Эммануэл Макрон дар қасри Элисей пешвоз гирифт.

Шаръ дар ин сафараш бо Макрон масоили мухтафлиф, аз ҷумла дахолат ва ҳуҷумҳои Исроил ба хоки Сурияро баррасӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, барои ба эътидол овардани вазъ байни кишвараш ва Исроил тавассути миёнаравон музокироти ғайримустақим ҷараён дорад. Ин изҳороти ӯ дар ҳолест, ки бо баҳонаи ҳимоят аз ақаллиятҳои дурзӣ ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Сурия давоми яе ҳафтаи ахир шиддат гирифтааст.

Дар гуфтугӯ бо расонаҳо Шаръ гуфт, ки ӯ бо раисҷумҳури Фаронса дар робита ба масоили амниятӣ дар марзҳои Сурия, ҳамлаҳои доимии Исроил ва вазъияти марз бо Лубнон ҳам гуфтугӯ карданд. Ӯ афзуд: “Мо нишон додем, ки шарики ҷиддӣ дар мубориза бо маводи мухаддир ҳастем ва бо Созмони маҳдудсозии силоҳи кимиёвӣ ҳамкорӣ кардем”, инчунин “дарҳоро ба рӯйи Кумитаи тафтишоти байналмилалӣ оид ба ҳамлаҳои мақсаднок боз намудем”.

Ӯ таъкид дошт, ки ояндаи Сурия дар пушти дарҳои баста таҳия нахоҳад шуд ва дар пойтахтҳои дур ҳам қабул нахоҳад гашт. Шаръ ҳамзамон ба таҳримҳои ғарбӣ ишора карда, афзуд, ки барои идомаи таҳримҳо алайҳи кишвараш “ҳеҷ далеле вуҷуд надорад”, зеро таҳримҳои ҷорӣ намегузоранд ҳукумати нав мушкилоти зиёди ин кишвари ҷангзадаро ҳал кунад.

Аз сӯи дигар, раисҷумҳури Фаронса ба зарурияти тадриҷӣ бардоштани таҳримҳои Аврупо алайҳи Сурия ишора намуда, таъкид кард, ки ба таври куллӣ аз байни бардоштани онҳо вақти бештар талаб мекунад. “Ман ба раисҷумҳури Сурия гуфтам, агар ӯ ба ин роҳ идома диҳад, мо низ ин корҳоро мекунем: аввал таҳримҳои аврупоииро тадриҷан бекор мекунем ва сипас ба шарикони амрикоиамон фишор меорем, ки аз таҷрибаи мо пайравӣ кунанд”.

Макрон афзуд, ки “музокирот бо раисҷумҳури Сурия зарурӣ аст ва мо бояд кори муштаракро давом диҳем”. Ӯ таъкид кард: “Барои мо беҳтар аст, ки дар паҳлуи Сурия бошем, зеро ин ба манфиати мост”.

Аҳмад Шаръ дар қасри Элисей зимни суханронияш дар ҳузури хабарнигорон ба чанд нуктаи муҳим ишора кард, аз ҷумла гуфт:

1. Сурия ва Исроил тавассути миёнаравҳо (аз ҷумла, тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) дар музокироти ғайримустақим қарор доранд, то вазъият оромтар шавад ва сулҳу субот таъмин гардад.

2. Амнияти марзӣ бо Лубнон ва Исроил. Ӯ гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба қаламрави Сурия ҳоло ҳам идома дорад ва ҳукумати нав барои ҳифзи марзҳо бо Лубнон ва назорати хатари тундгароӣ ҳамаҷониба чораҷӯӣ мекунад.

3. Шаръ аз ҳамкории Сурия бо Фаронса ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи маҳдудсозии силоҳи кимиёвӣ ва мубориза бар зидди тиҷорати маводи мухаддир ёдовар шуд.

4. Раисҷумҳури Сурия пешниҳод кард, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи кишвараш бояд бардошта шаванд.

5. Шаръ дар мулоқот бо Макрон масъалаҳои барқарорсозӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаҳои энержӣ ва ҳавонавардиро низ баррасӣ кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.