Ба иттилои расонаҳо, шаби гузашта дар як ҳамлаи шадиди ҳавоии Исроил ба Ғазза рӯзноманигори фаластинӣ Муътаз Муҳаммад Раҷаб кушта шуд.
Тавре расонаҳои фаластинӣ дар Ғазза хабар медиҳанд, ин рӯзноманигор ҳангоми фаъолияти касбии худ дар ин борика ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ба ин тартиб, аз 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз Исроил 221 рӯзноманигорро дар Ғазза куштааст, ки бархе онҳо ҳамроҳи хонаводаҳояшон мавриди ҳадаф қарор гирифта буданд.
Дар ҳамин ҳол Дафтари расонаи давлати Фаластин дар Ғазза тайи баёнияе куштори систематик ва ҳадафмандонаи рӯзноманигорон тавассути Исроилро маҳкум карда, аз созмонҳои байналмилалии ҳомии рӯзноманигорон, Иттиҳодияи рӯзноманигорони араб ва дигар созмонҳо хоста, то ҷиноятҳои мақсадноик алайҳи кормандони расонаҳои фаластинӣ дар Навори Ғаззаро маҳкум кунанд.
Ин ниҳод дар баёнияи худ кишварҳои ғарбӣ, бахусус Олмон, Британия ва Амрикоро масъули ҷиноётҳои наслкушӣ ва қатли оме, ки Исроил дар Ғазза анҷом медиҳад, донистааст.
Ба гузориши расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, бар асари ҳамлаҳои ҳавоии паёпайи Исроил болои мардуми Ғазза ва монеи вуруди обу ғизо ва кумакҳои башардӯстона шудан ба ин борика, вазъи инсонӣ тоқатфарсо ва тасаввурношаванда гуфта мешавад.
Дар Ғазз рӯзона садҳо зану кӯдак, қисме аз гуруснагӣ ва қисми дигар бар асари ҳамлаҳои Исроил кушта мешаванд.
Шиддат ёфтани авзоъ дар Ғазза дар ҳолест, ки чанде пеш кишварҳои ғарбӣ, бахусус Фаронса ва Британия ба Исроил ҳушдор дода буданд, ки даст аз қатли оми мардуми бегуноҳ бардорад. Ҳамзамон Амрико ба Исроил барои оташбас бо ҲАМОС пешниҳодҳо дод, вале Натанёҳу на ҳушдори кишварҳои ғарбиро шунид ва на пешниҳоди Амрикоро пазируфт.
Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то кунун 177 ҳазор нафар кушта ва захмӣ шудаанд, ки аксари онҳоро кӯдакони бегуноҳ ва занону пиронсолон ташкил медиҳанд. Ва бар илова, то кунун беш аз 11 ҳазор сокини ин борика зери овораҳо монда ва ё бенишон гаштаанд.