Ба як фаъоли тоҷик дар Лаҳистон паноҳандагӣ надоданд

Мақомоти Лаҳистон (Полша) ба фаъоли тоҷиктабори рус Саиданвар Сулаймонов, маъруф ба “Саша Печенька” мақоми паноҳандагӣ надодаанд.

“The Insider” дар истинод ба Саиданвар Сулаймонов хабар медиҳад, ки мақомоти Лаҳистон дар тарҷумаи ҳоли ин фаъол ягон далелеро пайдо накардаанд, ки баргашти ӯ ба ватанаш Тоҷикистон хатар дошта бошад ва ба ҳамин хотир дар гирифтани мақоми паноҳандагӣ ба ӯ ҷавоби рад додаанд. Аммо Саиданвар мегӯяд, ки барои таҳқиқи ин қазия ба мақомоти дахлдори кишвари Лаҳистон дубора муроҷиат хоҳад кард.

Худи Саша Печенка дар суҳбат ба ин расона гуфтааст, ки “Чаро рад, зеро гӯё дар Тоҷикистон маро таъқиб намекунанд, далели расмӣ вуҷуд надорад. Хадамоти вежаи Русияву Тоҷикистон якҷо кор мекунанд, агар ба Тоҷикистон равам, воқеан маро зиндон интизор аст. Кормандони хадамоти махсус ба хонаи волидонам омада, ҷои маро пурсидаанд. Аз комиссариати ҳарбӣ, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омадаанд. Онҳо ягон ҳуҷҷатеро нишон надодаанд, ки дар кадом парванда номам вуҷуд дорад.  Танҳо меоянд, бо ҳамсояҳо суҳбат мекунанд, кӯшиш мекунанд фаҳманд, ки ман дар куҷо ҳастам ва чӣ кор мекунам”.

Ин фаъоли тоҷиктабори рус мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ба хотири мудири лоиҳаи «Атеизм.tj» дар Instagram буданаш, на танҳо аз ҷониби мақомот, балки аз ҷониби фаъолони маҳаллии тарафдори дини ислом низ метавонад таъқиб шавад.

Инчунин Сулаймонов мегӯяд, ки чун гурӯҳҳои ҳамҷинсгаро ва феминистиро пуштибонӣ мекунад, 3-5 нафар доиман ба ӯ таҳдид мекунанд ва менависанд, ки дар ҳолати ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ӯро нохушӣ мунтазир аст.

Ӯ мегӯяд, ки “бисёр мавридҳое ҳастанд, ки бачаҳое, ки аз Маскав, Киев, ҳатто аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд, нисбаташон дар кишвар парванда боз шуда, онҳоро барои 20-30 сол зиндонӣ кардаанд.

Саиданвар Сулаймонов аз соли 2008 дар Русия зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ситоди таблиғотии пешазинтихоботии Андрей Пивоваров, ки ҳоло дар Русия дар маҳбас қарор дорад, кор кардааст.

Саша Печенка дар замони пандемияи КОВИД-19 ба ҳайси парастор дар яке аз бемористонҳои махсуси табобати беморони коронавирус дар ноҳияи Крилатскоеи шаҳри Маскав кор мекард, аммо пас аз нашри акс бо чароғаки рушанкардаи телефонаш (ҳамрайъи ба флешмоби ташкилкардаи роҳбари мухолифини рус Алексей Навалний), аз кор ронда шуд.

Ӯ соли 2021 дар ситоди таблиғотии пешазинтихоботии Андрей Пивоваров, ки ҳоло дар Русия дар маҳбас қарор дорад, кор кардааст. Ба ҳамин хотир Худи ҳамон сол дар моҳи октябр Хадамоти амнияти федероли (ФСБ)-и Русия ӯро барои 40 сол аз ин кишвар ихроҷ кард.

Ҳоло дар Лаҳистон ин фаъоли маданӣ ҳамчун рӯзноманигор кору фаъолият дорад ва ихтиёрӣ дар марз бо Украина ба гурезаҳои украинӣ кумак мекунад. ‌‌‌‌

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисоби кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.