Ба хонаи Ёқуб Салимов кӣ ҳамла кард?

Сомонаи “Ахбор” аз манбааш хабар дод, ки рӯзи 18 августи соли равон ба хонаи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе дар маҳаллаи “Водонасос” шахсони ниқобпӯш ҳамла кардаанд.

Гуфта мешавад, ҳамлагарон тахминан 12 -13 нафар буда, дар тананашон либоси сиёҳ ва дар рӯ ниқоби сиёҳ доштанд. Онҳо бо як микроавтобуси берақами шиша сиёҳ ба хонаи Салимов ворид гардида,  шишаҳои мошини “Рейнҷ Ровер”-и ӯро шикастаанд.

Дар идома манбаи “Ахбор” нақл карда, ки писари Ёқуб Салимов Абубакр, ки садои доду фарёдро шунида, ба ҳавлӣ баромадаст, сахт лату кӯб кардаанд. Ҳамлагарон ба ҷуз аз чашмон дигар рӯяшон пурра пӯшонида шуда будааст, бо битаҳо ва электрошокерҳо мусаллаҳ будаанд, мегӯяд манбаи “Ахбор”.

Гуфта мешавад, ки ҳамлагарон Ёқуб Салимовро “Хоини Ватан” хитоб карда гуфтаанд, ту дар сар нақшаи табаддулот дорӣ. Салимов ин ҳодисаро ба ВКД хабар додааст. Писари Салимовро баъди он ҳамла ба бемористон бурдаанд ва баъди анҷоми ташхисҳои тиббӣ ба хона баргаштааст.

Аз ин ҳодиса як моҳ сипари гардидааст, вале то ба имрӯз ҳамлагарони манзили вазири собиқи ВКД  муайян нагардидаанд. Ба қавли манбаъ, баъди рӯх додани ҳодиса хонаводаи Ёқуб эҳтёткор шуда безарурат аз хона берун намераванд.

Аммо шоми 22 сентябр боз “Ахбор” иттилоъ дод, ки вобаста ба ин хабар вокуниш шуда, дар шабакаи иҷтимоии фейсбук дар саҳифаи марбут ба “Авангард”- гурӯҳи назди ВКДТ аз номи Абубакр Салимов ин хабар такзиб карда шуд, ки 18 август касе ба хонаи онҳо ҳамла накардааст.

Аммо ба нақли манбаи муътамади “Ахбор” баъди нашри ин матлаб рӯзи 22 сентябр намояндагони мақомоти қудратӣ ба хонаи Ёқуб рафта аз онҳо хостаанд, ки ба ин хабар раде бинависанд ва онро такзиб кунанд. Аммо манбаъ мутмаин аст, ки ҳодисаи ҳамла ба хонаи Ёқуб Салимов рух додааст.

Ёқуб Салимов баъди ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон яке аз фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Соли 1995 то 1996 сафири Тоҷикистон дар Туркия буд ва баъд аз он ба мансаби сардори Кумитаи гумруки Тоҷикистон расид.

Ӯ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ соли 1997 дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва соли 2003 дар шаҳри Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва 24 феврали соли 2004 ба Тоҷикистон истирдод шуд.

25 апрели соли 2005 Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро бо иттиҳоми хиёнат ба Ватан, кӯшиши ғасби ҳукумат, роҳзанӣ ва сӯиистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон бо мусодираи молу мулк равонаи зиндон кард. Бо ҳукми додгоҳ, Ёқубро аз ордену мукофотҳои давлатӣ ва ҳамчунин аз унвони генералӣ низ маҳрум карданд.

Ёқуб Салимов 21 июни соли 2016 аз зиндон озод шуд ва ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад. Ёқуб Салимов 20 майи соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омада, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва сипас шӯъбаи шабонаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.

Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон дар роҳ бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.

Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.