2.9 C
Dushanbe

Байни Тоҷикистону Русия дар ҳафта як парвози дигар илова мешавад

Дар ҷадвали парвозҳо байни Тоҷикистону Русия як парвози дигар илова мешавад. Дар ин бора Интерфакс хабар дод.

Бино ба иттилои ин расона аз 10 июн Русия шумораи парвозҳо ба Беларус, Юнон, Озарбойҷон, Арманистон, Қатар, Узбекистон, Тоҷикистон, Миср ва Сербияро афзоиш медиҳад. Ҳамчунин парвозҳои Москва-Мюнхен аз сар гирифта мешаванд.

Ситоди пешгирии коронавируси Русия  қарор қабул намуд, ки аз 10 июн шумораи парвозҳо бо Беларус дар масири Маскав-Минск дар як ҳафта то даҳ маротиба дар асоси мутақобила зиёд карда шавад.

Ғайр аз ин, аз 10 июн иртиботи ҳаррӯзаи роҳи оҳан бо Беларус дар хатсайрҳои Гомел – Москва ва Полотск – Москва аз сар гирифта мешавад, шумораи вагонҳо дар қаторҳои Ласточка дар хатсайри Москва – Минск зиёд карда мешавад.

Ғайр аз ин, ситод қарор кард, ки ҳаракати ҳавоӣ бо Озарбойҷон (Москва-Боку), Арманистон (Москва-Ереван), Қатар (Москва-Доҳа), Узбекистон (Москва-Тошканд) ва Тоҷикистон (Москва-Душанбе) дар як ҳафта як парвоз зиёд мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли гузашта парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус маҳдуд шуда буд. Бо гузашти беш аз як сол пас аз 1-уми апрел дубора иҷозаи парвоз ба Русия дода шуд.

Баъд аз кушода шудани марзҳо дар ҳафта ду парвоз анҷом мешуд ва ҳоло як парвози дигар илова мешавад. Аммо муҳоҷироне, ки мехоҳанд ба Русия парвоз кунанд, аз гаронии белетҳо ва мушкилоти дигар шикоят мекунанд.

Бархе мегӯянд, билети парвозҳои доимӣ аз парвозҳои чартерӣ гаронтар аст, баъзе шаҳрвандон аз ширкати русии “Северный Ветер” то 14 ва 15 ҳазор сомонӣ билет хариданд. Вале бо вуҷуди доштани билет ба ин ширкат иҷозати парвоз дода нашуд, ки дар натиҷа мусофирон дар фурудгоҳҳои душанбе ва Хуҷанд рӯзҳо рӯи бетон хоб карда мунтазир буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро мардум “Шоҳнома” намехонанд? Тасмими нави “Тоҷикфилм” дар бораи “Шоҳнома”

Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" тасмим гирифта, ки филми синамоие бар пояи асари "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ ба навор гирад.

Ҷанозаи Қобилҷон дар Шаҳринав

Қобилҷон Алиеви 10-cоларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар Русия бераҳмона кушта шуд, имрӯз дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав дафн карданд.

Чаро расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар ҳодисаи куштори Қобилҷон сукут ихтиёр карданд?

Ҳодисаи куштори навраси тоҷик Қобилҷони Алиеви 10-сола вокунишҳои зиёдеро дар сатҳҳои гуногун ба вуҷуд овардааст.

Вокунишҳо ба қатли бераҳмонаи навраси тоҷик дар Русия

Мақомоти Тоҷикистон ва мухолифонаш ба ҳамлаи террористии як рус ба мактабе, ки бо қатли бераҳмонаи навраси 10-солаи тоҷик анҷомид, вокуниш карданд.