Шабакаҳои ҷаҳонии Ютуб меҳмондории Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путинро “кӯдакона” арзёбӣ кардааст. Акс: Интернет Канали ютубии Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ки матолиби марбут ба Эмомалӣ Раҳмон, дидорҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳояшро нашр мекунад, 16-уми июли соли 2014 дар ин шабакаи иҷтимоӣ сабти ном шудааст. Бо ин вуҷуд, ин канал дар зарфи зиёда аз 7 сол фаъолиятҳои […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Шабакаҳои ҷаҳонии Ютуб меҳмондории Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путинро “кӯдакона” арзёбӣ кардааст.
Акс: Интернет
Канали ютубии Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ки матолиби марбут ба Эмомалӣ Раҳмон, дидорҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳояшро нашр мекунад, 16-уми июли соли 2014 дар ин шабакаи иҷтимоӣ сабти ном шудааст.
Бо ин вуҷуд, ин канал дар зарфи зиёда аз 7 сол фаъолиятҳои худ то ҳол натавониста, ки дасти кам 7 ҳазор дунболкунандаи доимии худро пайдо кунад ва дар ҳоли ҳозир теъдои дунболкунандаҳои доимии он низ ҳудуди 6 ҳазору 560 нафарро ташкил медиҳанд.
Аз сӯи дигар аксари навор ва матолиби ахири ин канал нисбат ба дигар каналҳои хусусӣ ва расонаҳо хеле бинандаи кам дорад ва барои мисол, то замони таҳияи ин матлаб “Маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёна бо забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“, ки 01.09.2022 нашр шуд, ҳамагӣ 101 нафар дидааст.
Дар як ҳафта доштани 101 бинанда барои як навор дар ин канал нархи миёна ва мутавассити муштариёни онро нишон медиҳад, зеро хеле аз наворҳои онро бо гузашти чанд солу моҳ камтар аз 100 нафар дидааст.
Аммо ҷолиб он ки шабакаи иҷтимоии Ютуби пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путинро, ки дар сафари ахираш ба Тоҷикистон ба сурати “афсонавӣ” сурат гирифта буд, “меҳмондории кӯдакона” баҳо додааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.