Ҳалокати падару писар бар асари фаромадани тарма

Бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб, дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як падар ҳамрои писараш ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, 12-уми марти соли ҷорӣ як мошини боркаши тамғаи “Дулан”, ки онро сокини 63-солаи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард, бо мусофири 40-сола, ки писари ронанда будааст, бар асари фаромадани тарма ба дарёи Ғунд чаппа шудааст. Падар ва писар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ҷасадҳои фавтидагон пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Инчунин дар ҳамон рӯз, дар километри 71-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе як мошини боркаши тамғаи “Мерседес DAF” таҳти идораи марди 45-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва як мусофир зери тарма монда, мошин ба чуқурии 100 метра чаппа шудааст.

Наҷотдиҳандагони КҲФ бо кормандони ширкати “IRS” мардонро аз мошин берун оварда, ба беморхонаи ноҳиявӣ бурдаанд.

Маҷмуан, дар чанд рӯзи охир дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишоқшим ва Хоруғ-Мурғоб 36 маротиба фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.

Аз аввали сол дар кишвар 257 маротиба фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.