Баргузории Анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон

Анҷумани навбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон бо ҳузури вакилони ин ҳизб, меҳмонони дохилӣ ва намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Бино ба иттилои Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон 10-уми декабри соли 2022 дар бинои Кохи афсарони шаҳри Душанбе Анҷумани XVII ин ҳизб баргузор шуд.

Дар кори ин анҷуман аз 100 вакили даъватшуда, 74 нафари онҳо, яъне аз 4/3 ҳиссаи вакилон иштирок намуда, 70 нафари онҳо ҳангоми раъйдиҳӣ дар вақти интихоби раиси ин ҳизб ба тарафдории ҷаноби Саидҷаъфар Усмонзода овоз доданд ва ин маротиба низ ӯ раиси демократҳои Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҳизби демокрти Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфтааст. Собиқ раиси ин ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва мехост ба сурати ҷиддитар вориди сиёсат шавад, парвандсозии мақомоти Тоҷикистон алайҳи он оғоз шуд.

Вай декабри соли 2003 аввал дар Маскав боздошт шуд. Аввалҳои апрели соли 2004 озод шуд. Аммо 15 апрел ӯро боздошт ва 16-уми апрел рабуда ба Тоҷикисон оварданд. Сипас мақомот ӯро бо иттиҳомоте сохта ба муддати 23 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Саидҷаъфар Усмонзодаи 62-сола, аз соли 2012 ба ин сӯ раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон аст. Вай номзади илмҳои иқтисодӣ буда, айни замон вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.